Мувофиқи маълумотҳои расмии интишорнамудаи сомонаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №1738/нк аз 30.12.2015с.) маълум гашт, ки рисолаи доктории мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Диноршоев Азиз Мусоевич тасдиқ гардид.
Аз ин рӯ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба у тансиҳативу рузгори обод, саодатмандию фараҳмандӣ ва комёбиҳои беназирро дар ҳаёти илмию таълимӣ таманно доранд.
Хотирнишон бояд сохт, ки номбурда рӯзи 08.10.2015с. дар Шӯрои диссертатсионии Д 501.001.74 назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов таҳти назари доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва мунисипиалии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур Сурен Адибекович Авакьян рисолаи докториашро дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии танзим ва амалигардонии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарбаландона ҳимоя намуда буд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Диноршоев Азиз Мусоевич