Ташвиқ ва фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Ҳисобот

аз натиҷаи ташвиқ ва фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз санаи 11 то 18-уми январи соли равон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  сафари хизматӣ намуда, дар ҷамоатҳои деҳот ва корхонаю муассисаҳои шаҳру ноҳия дар чаҳорчӯби барномаи ташвиқу фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паём иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Дар маъракаи таблиғотӣ устодони зерини факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд:

Назаров Аваз – мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон;

Сангинов Дониёр – мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон;

Азизов Убайдулло – мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;

Сафарзода Анвар – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

Қурбонов Қурбон – мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон;

Диноршоҳ Азиз – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;

Маҳмудов Изатулло – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд.

         Ҳамаи устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар ҳисоботҳои алоҳидаи худ таъкид доштанд, ки роҳбарияти  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо  эҳтиром ва самимияти баланд муносибат намуда, тамоми имконият ва шароитро баҳри дар фазои мусоид ва мувофиқ баргузор шудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ фароҳам оварданд. Ба роҳбарияти шаҳру ноҳия китобчаҳои Нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд.

Вохӯриҳо ҳар рӯз ду се маротиба дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳо сурат гирифта, иштирокдорон ҳудудан аз 150 то 400 нафарро ташкил менамуданд.

        Ҳайати кории устодон дар вохӯриҳо вобаста ба самтҳои гуногуни Паём аз қабили иқтисодиёту иҷтимоёт, дурнамои тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ дар доираи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030, модели нави ташкили иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, татбиқи инноватсия, такмили сарватҳои зеҳнии шаҳрвандон, ташкили ҷойҳои кори сермаҳсул, омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳияи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарорҳои судӣ,  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, терроризм ва экстремизм , пос доштан ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кардани озодиву истиқлолият, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рушди сайёҳию соҳибкорӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки баҳри амалӣ намудани нишондодҳои он ҳамагон бояд камари ҳиммат банданд.

         Муҳимият ва афзалиятҳои иқдоми мантиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ оид ба об шарҳ дода шуда, ин ташаббусҳо ҳамчун мояи ифтихору шарафмандии ҳар як сокини кишвар баҳогузорӣ карда шуд. 

         Баъди анҷоми ҳар як суханронӣ фикру андешаҳои ҳозирин низ оид ба нуктаҳои асосии Паём шунида шуд. Таассуроти ҳозирин аз вохӯриҳо ва умуман аз Паёми имсола бисёр мусбат буд.

         Дар маҷмӯъ, тибқи мушоҳида ва натиҷагирии чандрӯза  маълум гардид, ки тамоми қишрҳои сокинон ба иқдомҳои дохилию байналмилалӣ ва сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарфа арҷгузорӣ намуда, саҳми ватандории худро дар ободонии кишвар ба хубӣ дарк намуданд.