Довталабон ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ дар ҳаҷми нақшаи қабул ба тариқи озмун, инчунин ба тариқи имтиёз қабул карда мешаванд. Довталабон зимни қабул ба Донишгоҳ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ – нусхаи асл);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-У);
- 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
- шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
- нусха аз дафтарчаи меҳнатӣ, агар довталаб собиқаи корӣ дошта бошад;
- маълумотнома (справка) дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумӣ;
- қарори Шӯрои омӯзгории мактаб, тавсияи шӯъбаи маорифи ноҳия ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДМТ тавсия карда мешаванд)
- қарори Шӯрои ноҳиявии меҳнатӣ ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд).