АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДМТ
Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои муҳим ва ногузир ба ҳисоб рафта, яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои таълиму тадрис ва касби донишҳои наву муосир аз тарафи Ҳукумати мамлакат мунтазам тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Зеро, роҳи наҷот аз буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оварад, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири илму маориф вобастагӣ дорад.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи масоили соҳаи маориф ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳар як паёму суханрониҳояшон дар алоқамандӣ ба ин мавзуъ дастуру супориш ва таъкиду роҳнамоӣ менамоянд. Чунки Роҳбари кишвар рушди маорифи миллиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи миллат медонанд. Ба ин хотир Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 № 438 қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст.
Тавре, ки маълум аст ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Бинобар ин, барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси забондони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, вусъати робитаҳои байналмилалӣ, рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии меҳнат зарурати таъсис додани кафедраи забонҳои хориҷӣ дар назди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба миён омад ва моҳи июни соли 1999 кафедраи забонҳои хориҷӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки ин амр бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раёсати донишгоҳ ва саҳми бевоситаи собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам амалӣ гардид.
Нахустин мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносӣ н.и.ф., дотсент Бобоева Мавҷуда Тоҳировна буданд. Муаллима аз соли 1999 то соли 2013 роҳбарии кафедраро ба уҳда доштанд.
Солҳои 2013-2014 роҳбарии кафедраро н.и.ф., дотсент Бекмуродов М.М. ба уҳда дошт. Устод М.М. Бекмуродов бештар ба тақвият додани муоширати коммуникативии донишҷӯён диққати хоса зоҳир намуда, кори илмӣ-тадқиқотии устодони кафедраро ба ин самт равона намуд.
Солҳои 2014-2017 ба ҳайси мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.ф., дотсент Салоҳиддинов В.Ю. таъин гардид.
Солҳои 2017-2023 вазифаи мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ба зиммаи н.и.ф., дотсент Назарова Зарина Абдуҳамитовна вогузор гардид.
Аз моҳи майи соли 2023 ба ҳайси мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшинеосӣ н.и.ф., дотсент Раҳмонзода Н.Д. интихоб гардид.
Айни ҳол дар кафедра 8 нафар омӯзгори штатӣ аз ҷумла: 5 нафар номзади илм, дотсентон Бобоева М.Т., Афзалӣ М.К., Газиева Ҳ.Х., Шарипова З.А, Раҳмонзода Н.Д., 2 нафар муаллими калон Зайниддинов С.Ф., Шоинбеков О., 1 нафар ассистент Сангинов Ф.А. ва лаборанти кафедра Ҳамроева Ҷ.А., 2 нафар ҳамкори ғайриштатӣ дотсент Назарова З.А. ва ассистент Сафаров Ҳ.С., 2 нафар омузгори соатбайъ Ли Сю Шиа ва Ли Пея Чинди кор ва фаъолият менамоянд.
Дар кафедра устодон аз фанни забони англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, хитоӣ ва ҳусни баён ба донишҷӯён дарс мегуянд. Тамоми фанҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, васоити таълимию методӣ, дастур ва барномаҳои таълимӣ (Силабус) таъмин мебошанд.
Мавзӯи кори илмии таҳқиқотии устодони кафедра барои солҳои 2020-2025 “Стратегияи инкишоф ва муосиргардонии мазмуни фаъолияти таълимӣ дар партави талаботи навини таълими забонҳои хориҷӣ дар омода намудани ҳуқушиносони оянда” мебошад. Устодони кафедра ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши забономӯзии шогирдон, беҳтар намудани сифати таълими забонҳои хориҷӣ дар факултет, тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси забондони соҳаи ҳуқуқшиносӣ пайваста кушиш менамоянд.
Дар зарфи 25 соли фаъолияти меҳнатӣ, устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ як қатор монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, фарҳангҳои дузабонаю сезабона ва барномаҳои кориро вобаста ба ихтисосҳои алоҳида аз чоп баровардаанд. Аз ҷумла: васоити таълимӣ аз фанни забони англисӣ “English for law students” (мураттибон Афзали М.К., Назарова З.А., Шоинбеков О.); васоити таълимӣ барои донишҷӯёни шуъбаи ғоибона“Test training exercises and special texts on English” (мураттибон Афзали М.К., Назарова З.А., Шоинбеков О.); китоби дарсӣ аз фанни забони арабӣ “Бо забони арабӣ менависем ва гуфтугӯ мекунем” (муаллифон Исмоилов И., Раҳмонзода Н.Д.); васоити таълимии “Individual work for law students” (Назарова З.А.); “Луғати мухтасари истилоҳоти ҳуқуқӣ”(мураттибон Зайниддинов С.Ф., Ахмедова Ҳ.А.); “Фарҳанги англисӣ-русӣ-тоҷикӣ” (мураттибон Шоинбеков О., Зайниддинов С., Раҳмонзода Н.Д.); Воситаи таълимӣ “Deutsch für Jurastudenten” Забони олмонӣ барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ (Бобоева М.Т., Шарипова З.А.)., Воситаи таълимӣ “Забони фаронсавӣ барои ҳуқуқшиносон” (муаллиф Сафаров Ҳ.С.), “Фарҳанги вожаҳои истилоҳоти ҳуқуқии олмонӣ-тоҷикӣ” (мураттиб Бобоева М.Т.); китоби тозанашри таълимӣ аз фанни забони англисӣ барои донишҷӯёни шуъбаи ҲБ “English for law students” (мураттибон Назарова З.А., Афзалӣ М.К., Шоинбеков О., Зайниддинов С.Ф., Сангинов Ф.А.); ду дастури таълимӣ бо забони фаронсавӣ (мураттиб Газиева Ҳ.Х.); барномаи таълимӣ аз фанни “Кишваршиносӣ” (муаллифон Бобоева М.Т., Назарова З.А.); ва дигар барномаву дастурҳои таълимиро аз фанни забони англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, хитоӣ ва арабӣ нашр намудаанд. Аз соли 1999 то соли 2024 дар заминаи кафедра 6 нафар устодон рисолаи номзадии хешро бо муваффақият ҳимоя намудаанд.
Устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ бо устодони кафедраҳои дигари факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамкории зич доранд. Аз ҷумла:
– Бо устодони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ соли 2021 «Луғати сезабонаи истилоҳоти ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ»-ро бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҶТ таҳия намуданд.
– Дар ҳаммуаллифӣ бо устодони кафедраи Криминалистика ва фаъолияти экпертизаи судӣ 1 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисоси криминалистика ва экпертизаи судии факултети ҳуқуқшиносӣ “Criminalistics studies on crime investigation”, 1 васоити таълимии «Тerrorism and extremism is a global threat to humanity» бо забони англисӣ, 1 китоби дарсии (Криминалистика) бо забони англисӣ омода ва аз чоп бароварданд. Инчунин дар тарҷума ва мураттаб сохтани китоби дарсии “Constitutional Law in RT” бо забони англисӣ бевосита саҳмгузоранд.
Кафедраи забонҳои хориҷӣ бо Маркази таълимии «Бохтар» ва Маркази таълимии «Конфутсий» ҳамкории зич дошта, ҳамасола донишҷӯёни курси дуюми шуъбаи Ҳуқуқи байналмилалӣ таҷрибаи таълимӣ ва донишҳои забонии худро дар ин марказҳо такмил медиҳанд.
Устодони кафедра дар давраи фаъолияти кории хеш дар донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои ИДМ-шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Тошканд ва давлатҳои дигари олам чун Олмон, Австрия, Белгия, Голландия, Туркия, Хитой, Испания, Фаронса, Хиндустон ва ғайра сафар намуда, такмили ихтисос намуданд.
Омӯзгорони кафедра пайваста дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, ва семинарҳои ДМТ ва дигар донишгоҳҳои кишвар бо мақолаҳои илмии хеш баромад карда, ташаббускори гузаронидани конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо дар факултет мебошанд.