Нимаи аввали рузи 26.12.2016 сол дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар» бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон ва кормандони факултет, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввари мазкурро фаҳмонда доданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон баромад намуда, рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад. Ҳамзамон таъкид карданд, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардинани вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, коррупсия, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, авҷ гирифтани буҳрони экологӣ ва норасоии оби ошомиданӣ ба аҳолии аксарияти кишварҳои ҷахон пешниҳод гардидааст, ки ин таҳқиқу пажуҳиши ҳаматарафаро аз олимон тақозо менамояд. Сипас, аз руи барномаи мизи мудаввар маърузаҳои устодони факултет Афзалов А.Х. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар мавзӯи «Тақвияти мубориза бо эктремизм, терроризм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Соҳибов М.М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди сиёсати ҳуқуқии кишвар (дар мисоли қонунгузории замин, кишоварзӣ ва экологӣ)» ва Шарифов И. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар мавзуи «Рушди соҳибкории хурду миёна ва қонунгузории андоз дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти мавзӯҳои худро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро дар заминаи Паём асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавобҳо ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаи баррасишаванда дар музокира устодон Ғаюров Ш.К., Сотиволдиев Р.Ш., Мирзоев П.З., Азизов У.А., Диноршоҳ А.М., Қурбонов Қ.Б., Сулаймонов Ф.С., Сафарзода А.И. ва дигарон баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки иштирокчиёни мизи мудаввар аз фурсати муносиб истифода намуда, оид ба паҳлӯҳои мухталифи мавзӯҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро иброз доштанд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон, тавассути қабули барномаҳои мақсадноки давлатӣ рушд бахшидан ба соҳаи сайёҳии мамлакат, густариш бахшидани шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷумла соҳибкорӣ, дар доираи барномаи қабулгардидаи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тақвият бахшидани сармояи инсонӣ, таҳкими сохтори идоракунии давлат, бартараф кардани норасогӣ ва баланд бардоштани соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ, таҳкими мустаъқилияти судяҳо ва рушди сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди коррупсия, ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об яке аз масъалаҳои марказии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд, ки зарурияти анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотиро тақозо менамояд. Бо изҳори хушнудӣ қайд гардид, ки аз тарафи шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Дар умум зикр гардид, ки меҳвари асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳалли се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ташкил медиҳад. Дар фарҷоми кори мизи мудаввар қарор карда шуд, ки тамоми нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, аз ҷониби омузгорони факултет ҷиҳати татбиқи бомароми онҳо чораҳои дахлдор андешида шаванд.