70 – СОЛИ ШАРАФИ ДМТ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚ ДАР ПАРТАВИ ОН

    Аз он шоду сарфарозам, ки дар ин лаҳзаҳои бисёр гуворою таърихӣ дар радифи ҳазорҳо дастпарварони бузургтарин муассисаи таҳсилоти олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имкон дорам, ки ба ифтихори таҷлили ҷашни мубораки 70-солагии таъсиси он чанд сухани табрикотӣ иброз намоям.

   Таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1948 метавон яке аз дастовардҳои беназир ва ҳодисаи фараҳбахши ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии миллати тоҷик дар ибтидои солҳои 50-уми қарни гузашта унвон кард. Аз замони таъсис то кунун Донишгоҳи азизамон роҳи басо пуршараф ва боифтихореро тай намуда, ба як макони муқаддаси илму маърифат ва маркази бонуфузтарини таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии кишвар табдил ёфтааст. Хизматҳои анҷомдодаи ҳайати профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму хирад дар самти тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ ва арзишманд, иштироки фаъолона дар ҳаёти тарбиявӣ ва ҷамъиятии Ватани маҳбубамон беназиранд.

     Дар ин айём ҳазорон ҷавонони бонангу номус ва ҳисси баланди меҳанпарастидошта донишгоҳи маҳбубамонро сарбаландона хатм намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар соҳаҳои гуногуни афзалиятноки фаъолияти давлатӣ содиқона ва софдилона меҳнат карда истодаанд. Имрӯз соҳаеро пайдо кардан мушкил аст, ки дар он кадрҳои ДМТ фаъолият надошта бошанд.

   Бо шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ ва музафариятҳои даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз самти ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, дар ин миён бо бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба дар самтҳои барои ҳарду ҷониб муфид ба имзо расонида шудаанд. Дар воқеъ ДМТ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда дар шароити кунунӣ ба як макони баргузории ҳаммоишҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ва пазироии меҳмонон ва шахсони расмии воломақоми кишварҳои хориҷӣ мубаддат гаштааст. Шаҳодати тасдиқи ин гуфтаҳо онанд, ки танҳо давоми солҳои 2015-2018 Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва инчунин дигар шахсони мансабдори кишварҳои хориҷ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда бо унвони профессори фахрии донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

     Факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун қисми таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1949 таъсис ёфта, яке аз марказҳои асосӣ ва бонуфузи омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ ва олимони ҳуқуқшинос ба ҳисоб меравад.

     Ин махзани илму маърифат  дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат, иҷрои барномаву стандартҳои давлатӣ,  омода кардани мутахассисони сатҳи баланд ва рақобатпазири бозори меҳнат, анҷом додани корҳои бунёдии илмӣ-таҳқиқотӣ, тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ нақши арзанда дошта, ҳамчун манбаи муҳими тайёр кардани кадрҳои баландихтисос  барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, хадамоти ҳуқуқии корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, макотиби олии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

     Айни замон дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ шумораи умумии омӯзгорон 137 (20 нафараш зан) нафарро ташкил дода, барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 122 нафари онҳо ҷалб карда шудаанд. Дар қатори онҳо 17 нафарашон доктори илми ҳуқуқ, профессор мебошанд, ки аз ин шумора 2 нафарашон Академики АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 48 нафар дотсент (43 номзади илми ҳуқуқ, 3 нафар номзади илмҳои филологӣ ва 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ), аз ин шумора 10 нафарашон зан), 12 нафар муаллими калон (1 нафари онҳо зан ва 1 нафари онҳо номзади илми ҳуқуқ) ва 57 нафар ассистент (7 нафараш зан ва 2 нафари онҳо номзади илми ҳуқуқ) мебошанд.

    Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи забонҳои хориҷӣ амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба зимма доранд.

   Бо дарназардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба кадрҳои арзанда ва ворид шудани Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фазои байналмилалӣ давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар сохтори факултет якчанд ихтисосҳои тахассусӣ оид ба омода намудани ҳуқуқшиносони байналмилалӣ, ҳуқуқшиносони бахши молия ва қарз, ҳуқуқшиносони низоми муассисаҳои иҷрои ҷазо, ҳуқуқшиносони соҳаи идораи давлатӣ, эксперт-криминалистҳо, ҳуқуқшиносон дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ таъсис дода шуданд. Дар ҳоли ҳозир дар факултет ихтисосҳои зерин фаъолият мекунанд;24010200 (ҳуқуқшиносӣ); 24010100 (муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ); 26010200 (идораи давлатӣ ва ҳуқуқ); 93010100 (фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ); 240030201 (танзими ҳуқуқии молия ва қарз); 93010200 (экспертизаи судӣ); 24010218 (ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ).

   Мувофиқи маълумотҳои расмӣ то ҳолати 25.10.2018 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо назардошти тамоми ихтисос ва шуъбаҳои амалкунанда дар маҷмӯъ 4197 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 2955 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1242 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.

   Яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими фаъолияти факултетро пешбурди ҳаёти таълимӣ ташкил медиҳад. Зимнан бояд иброз дошт, ки айни замон ихтисосҳои амалкунандаи факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузашта, таълим аз рӯйи низоми сезинагӣ: бакалавриат, магистратура ва доктори фалсафа (PhD) ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон ихтисосҳои амалкунандаи шӯъбаи ғоибона ва таҳсилоти дуюми олӣ бошанд, ба низоми фосилавии таҳсилот гузаштаанд. Дар ин замина тамоми нақша ва стандартҳои таълимӣ оид ба ихтисосҳои амалкунанда аз нав таҳия ва қабул карда шуда ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шудаанд. Ҷараёни таълим ба таври мутташакилона ба роҳ монда шуда, аз ҷониби садорати факултет пайваста тадбирҳои муассир дар самти боло бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии донишҷуён ва ба илмҳои замонавӣ фаро гирифта шудани донишҷуён андешида мешаванд. Ба ин хотир соли 2015 «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ барои солҳои 2015-2020» қабул карда шуд, ки давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Пояи кадрӣ, илмӣ, зеҳнӣ ва моддӣ-техникии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ имкон фароҳам меорад, ки барои дар низоми таҳсилот  ворид намудани усулҳои нави таълим бо истифода аз дастовардҳои технологияи иттилотиву иртиботӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шавад. Барои ба таҳсилоти замонавӣ фаро гирифтани донишҷуён дар факултет тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аксарияти синфхонаҳо бо доскаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин буда, гузашта аз ин дар факултет 4 синфхонаҳои электронии ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст фаъолият мекунад. Дар факултет маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим фаъолият менамояд, ки он ба беш аз 80 адад компютерҳои замонавӣ насб буда, барои ба таври марказонидашуда қабул намудани имтиҳонҳо мусоидат менамояд. Дар факултет китобхонаи замонавӣ фаъолият менамояд, ки он бо ташаббусу мусоидати Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пурра аз нав таъмир карда шуда бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шудааст.  Китобхонаи илмии факултет бо тамоми адабиёти илмиву таълимии замонавӣ ва маҷаллаҳои илмиву рӯзномаҳои даврӣ таъмин буда аз 1 толори хониш бо 64 ҷойи нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобҳои илмии китобхона то имрӯз ба 25000 адад мерасанд, ки бо дастгирии садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳамарӯза аз он зиёда аз 3500 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Ба мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҳисси масъулиятшиносии омузгорон фаъолияти Шурои методии факултет ба роҳ монда шуда, аз баргузории дарсҳои кушод ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ҳамчун омили дигари муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот васеъ истифода карда мешаванд.

    Таъмини мутахассисони ҷавон ба ҷойҳои кор низ яке аз дигар самтҳои муҳими фаъолияти факултет ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ба кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет давоми чанд соли охир аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.  Ин омил дар воқеъ самараи нек дода истодааст. Маҳз натиҷаи чунин ҳамкориҳост, ки ҳамасола дар асоси қарори комиссияи тақсимоти давлатии мутахассиони ҷавони беш аз 100 нафар дастпарварони факултет ба мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти давлатӣ, агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, нотариат, мудофиа, адлия, системаи иҷрои ҷазо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  ва дигар сохторҳои давлативу ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба кор қабул карда мешаванд.

    Яке аз самтҳои дигари афзалиятноки факултетро пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил медиҳад, ки факултет дар давраи ҳисоботӣ дар ин ҷода ба дастовардҳои беназир комёб шудаст. Чун қоида ҳар панҷ сола нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо бо дарназардошти самт ва мавзуҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ тасдиқ карда шуда он ба мавқеи иҷро вогузор карда мешавад. Дар факултети ҳуқуқшиносӣ тули солҳои 2013-2017 аз ҷониби ҳайати омӯзгорони кормандон беш аз 3058 маводҳои илмӣ-таълимӣ ба табъ расидаанд, ки аз ин шумора   157 монография, 48 китоби дарсӣ, 247 воситаи таълимӣ, 177 дастури методӣ, 119 фишурда ва 2348 мақолаҳои илмию оммавиро  ташкил медиҳад. Гузашта аз ин мувофиқи нақшаҳои баргузории конференсия, симпозиумҳо ва дигар ҳаммоишҳои илмӣ дар донишгоҳ дар факултети ҳуқуқшиносӣ давоми солҳои ҳисоботӣ беш аз 80 конференсиҳои гуногуни сатҳи баланд бо иштироки доираи васеи олимони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор шудааст.

    Қобили зикр аст, ки дар факултети ҳуқуқшиносӣ маҷаллаҳои илмӣ – иттиллоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (Правовая жизнь), «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон» ва моҳномаи «Минбари ҳуқуқшинос» фаъолият менамоянд, ки онҳо бешак мояи ифтихоранд. Хурсандибахш аст, ки маҷаллаи илмӣ – иттиллоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (Правовая жизнь) ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия шомил шудааст. Яке аз самтҳои муҳими бахши илмро ин ҳимояи рисоалҳои номзадӣ ва докторӣ ташкил медиҳанд. Танҳо давоми солҳои 2013-2017 42 нафар омӯзгорон, аспирантон, унвонҷуён ва кормандони факултет рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд.

   Гузашта аз ин аввалин маротиба баъди таъсиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017, №15 дар заминаи факултети ҳуқуқшиносӣ нахустин Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфт. Таъсиси Шӯрои миллӣ бо шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гашта, заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллӣ ва ҳамзамон муаррифии илми тоҷик ба дунё бунёд мегузорад. Аз лаҳзаи расман ба фаъолият шуруъ намудани Шурои миллӣ то кунун (30.10.2018) 1 нафар рисолаи докторӣ ва 17 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд.

     Ҳайати устодон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ дар давраи ҳисоботӣ дар муҳимтарин чорабиниҳои ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат менамуданд. Аз ҷумла иштироки фаъолонаи омӯзгорони ҷавон ва донишҷуёнро дар машкҳои ҷашнӣ бахшида ба таҷлили бузургтарин ҷашвораҳои миллӣ, аз қабили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмиллалӣ ва дигар чорабиниҳои  муҳими фарҳангӣ метавон махсус қайд намуд.

   Дар ин давра иштирок ва саҳми фаъолонаи як зумра устодони факултет ба сифати коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии ҶТ дар баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013, Интихоботи Парлумони кишвар соли 2015 ва Райпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ соли 2016 шоистаи таҳсин аст. Гузашта аз ин саҳми омӯзгорони факултет ба ҳайси аъзо ва роҳбарони гуруҳи корӣ дар тарғибу ташвиқи мазмуну моҳияти Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қобили зкир аст. Як зумра устодони факултет дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, аъзоёни гуруҳҳои корӣ оид ба таҳияи як қатор қонуну кодексҳо мебошанд. Бояд иброз намуд, ки дар робита ба банди 56 Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултети ҳуқуқшиносӣ) омода ва пешниҳод намудани лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуда буд, ки  омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар таҳияи лоиҳаи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» фаъолона иштирок намуда дар омода кардани лоиҳа саҳми назаррас гузоштанд.

    Яке аз самтҳои дигари фаъолияти факултетро бахши ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади ба амал баровардани ҳамкориҳои муфиди дуҷониба факултети ҳуқуқшиносӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату кумитаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ алоқаи устувори илмиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, имрӯз факултети ҳуқуқшиносӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ,  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии дустии халқҳои Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Москва ба номи О. Е. Кутафин, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иқтисодии шаҳри Москва, Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Донишгоҳи Бремен (Олмон), Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагина, Университети Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҳамкориҳои устувор ва алоқаҳои зичи илмиро доро мебошад.

   Барои саҳми назаррас дар ҷодаи тарбияи кадрҳо ва пешбурди ҳаёти илмиву таълимӣ як гуруҳ омӯзгорони факултет бо мукофотҳои давлатӣ, ордену ифтихорномаҳо, мукофотҳои соҳавӣ ва дигар ҷоизаҳо сафарбар карда шудаанд.

   Бо мақсади беҳдошт ва такмили минбаъади фаъолияти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ роҳандозӣ намудани тадбирҳои зерин дар оянда мувофиқи ақсад аст: 

     1. Ба истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим, фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои иттилоотии донишҷӯён, аспирантон, магистрҳо ва докторантон таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

   2. Тадбирҳои муассир ва амалисозии чорабиниҳои мақсаднок ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори факултети ҳуқуқшиносӣ дар дохил ва хориҷи кишвар андешида мешавад;

     3. Ҳамкориҳои мутақобилаи судманди факултет бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти бозомӯзӣ, табодули таҷриба ва таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шуда, ташкил намудани дарсҳои амалии сайёр дар секторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар назар дошта шудааст;

    4. Нигоҳдорӣ ва рушди шакли анъанавии таълим, дастгирӣ кардани таълимоти забони русӣ, англисӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, дорандаи донишҳои калидӣ дар соҳаи фарҳанги мутақобилаи воқеъгардонии барномаҳои рушди ҳамкории русӣ- англисӣ, ҷамъоварии кадрҳои илмӣ-омӯзгории рақобатпазир дар донишгоҳ, ташкил кардани муҳити ҷалбкунандаи илмӣ-таълимӣ дар назар аст;

   5. Такмил додани ҷараёни таълим мутобиқ ба стандартҳои муосири  касбӣ- илмӣ ва инкишоф додани намунаи таълими фосилавии факултет ба нақша гирифта шудааст;

    6. Дар факултет коркард ва инноватсияи барномаҳои асосии таълимии бакалаврӣ, мутахассис, магистр, аз он ҷумла барномаҳо бо забонҳои хориҷӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар дошта мешавад;

    7. Такмил додани хизматрасонӣ дар китобхонаи факултет, таъмин намудани дастрасии донишҷӯён ва кормандон ба доираи васеи маълумотҳои китобҳои электронӣ;

     8. Дар базаи факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис додани лабораторияи илмӣ-тадқиқотии криминалистӣ;

     9. Такмили системаи идоракунӣ, сохтори инноватсионӣ ва маълумотноккунӣ барои ҳалли масъалаҳои бартаридошта дар соҳаи илм, тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ;

   10. Инкишофи маданияти факултет ҳамчун маркази илмӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат намудан оид ба паҳн гардонидани анъанаҳои беҳтарини рушди халқи тоҷик дар муҳити иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, маданӣ ва технологӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ, муносибати дутарафа байни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    11. Ҷалби муассиса ва ташкилотҳои пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштани таҷрибаомӯзиҳои касбии донишҷӯён ва мусоидат ҷиҳати бо кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет;

  12. Васеъ намудани робитаи байналмилалӣ, ҷаҳоникунонии усули таълим ва дониш дар асоси ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва дигар ташкилотҳои хориҷӣ, иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет дар лоиҳаҳои илмӣ ва таълимӣ;

   13. Инкишофи ҳамкориҳои стратегии факултети ҳуқуқшиносӣ бо ташкилотҳои пешбари Тоҷикистон ва Русия, инчунин Осиёи Миёна ва ҷаҳон дар маҷмӯъ;

  14. Ташкил намудани дарсҳои факултативӣ дар факултет ҷиҳати такмили дониши забонии донишҷӯён ва омузгорон;

  15. Ҷалби олимони варзида аз хориҷи кишвар барои гузаштани дарсҳои обзорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши таълим;

    Мавриди зикри хос аст, ки ҳайати устодону кормандони донишгоҳ бо пуштибонии амиқ аз сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии умумиҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, дар тарғибу ташвиқи мазмуни қонунгузорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ саҳми арзанда доранд.

    Банда аз он хушбахту сарфарозам, ки факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм намуда, бо амри таърих имрӯз дар ин кохи нуру маърифат дар вазифаи масъул фаъолият карда истодаам. Мо ҳайати омӯзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ аз он ифтихормандем, ки дар ин лаҳзаҳои таърихии саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ дар таъмини пешрафти ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии Донишгоҳ саҳмгузорем.

    Бо истифода аз ин лаҳзаҳои муносиб аз номи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ ҷашни 70-солагии таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар симои Ректори донишгоҳ, Академики АИ ҶТ муҳтарам Имомзода М.С. самимона табрику шодбош гуфта, ба донишгоҳи азизам роҳи сафед ва фатҳи қуллаҳои баландро арзумандам.

Раҳмон Дилшод Сафарбек

              Декани факултети ҳуқуқшиносӣ

     номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент