Такмили Қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурбонов Қурбон Бобоевич – номзади илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

     Яке аз падидаҳои нави муҳим дар идоракунии давлат ва амалинамоии сиёсати давлатӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолият ин паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошад. Хусусияти ин санад дар он аст, ки моҳияти сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ фаро мегирад. Аз ин рӯ, тарҳрезӣ ва амалинамоии ин сиёсат яктарафа – танҳо аз ҷониби мақомоти иҷроия дар симои Президенти мамлакат сурат нагирифта, он дар алоқамандӣ бо ниҳоду сохторҳои дигари давлатӣ пиёда мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки тибқи қисми 3 моддаи 55 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Табиист, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин сиёсати ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ мебошад.

     Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 ироа гардида буд, ба масъалаи сиёсати қонунгузорӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар он баъзе дастуру нишондодҳое садо доданд, ки барои такмили минбаъдаи қонунгузории оилавӣ замина мебошанд.

       Таҳлили сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир нишон медиҳад, ки ба устувории оила диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти кишвар аз афзоиши барҳамхӯрии оилаҳо изҳори нигаронӣ намудааст. Аз ҷумла қайд гардид, ки «Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст». Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона тавзеҳ дода шуд.

       Дар баробари ин, ду сабаби асосие номбар карда шуданд, ки боиси таваллуди фарзандони маъюб ва пошхӯрии оилаҳо дар кишвар мебошанд:

      1) никоҳ байни хешу табори наздик. Президенти ҷумҳурӣ қайд намуданд, ки «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст.

       Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.

    Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд»;

       2) «Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд».

      Дар ҳамин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки муқаррароти моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати муоинаи ихтиёрии ройгони тиббии шахсони никоҳшаванда истифода намегардад.

      Бо дарназардошти омилҳои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро вазифадор карданд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.

         Азбаски масъалаи мазкур бевосита ба ду моддаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 14 ва 15) иртибот дорад, таҳлили адабиёти илмӣ ва қонунгузории дигар давлатҳо аз аҳамият холӣ нест.

       Айни замон тибқи сархатҳои дуюм-чоруми моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ), байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ғайриайнӣ (ки аз як падар ё модаранд), байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон манъ гардидааст. Чуноне мебинем, қонунгузории оилавӣ на танҳо асосҳои ахлоқию маънавӣ, балки солимии аъзои оиларо низ ҳимоя мекунад. Дар атрофи бастани никоҳ байни хешовандони наздик дар адабиёти ҳуқуқӣ ақидаҳои мухталиф баён шудааст. Ҳанӯз дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта О.У. Усмонов ва М.А. Маҳмудзода ба масъалаи мазкур дахл намуда, фикру ақидаҳои худро баён намуда буданд[1]. Муҳаққиқони дигар – М.Ҷ. Бурҳонова ва Ш.К. Бадалов низ ҷонибдори онанд, ки номгӯи дараҷаи хешие, ки боиси монеаи бастани ақди никоҳ мегардад, бояд васеъ карда шавад. Барои мисол онҳо таҷрибаи дигар давлатҳоро овардаанд. Дар Швейтсария бастани ақди никоҳ байни фарзандони бародару хоҳар, амак ва ҷиян ва мисли инҳо манъ шудааст[2] (мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бастани ақди никоҳ дар байни бародару хоҳарзодаҳо дар мо хеле зиёд ба чашм мерасад). Мувофиқи таълимоти динӣ низ барои бастани ақди никоҳ қаробати хунӣ то дараҷаи чорум ва қаробати ширӣ то дараҷаи дуюм (хоҳар, модар, духтар, холаву амма, духтари бародар, духтари хоҳар, модари ҳамсар, модаре, ки шир додааст, тарбиякунанда ва ғайра барои мард) монеа мебошад[3].

       Олимони рус (М.В. Антоколская, Е.М. Ворожейкин, О.Ю. Косова, A.M. Нечаева, Л.М. Пчелинсева, В.А. Рясенсев, Г.М. Свердлов, Н.Н. Тарусина ва ғайра)[4]  низ дар натиҷаи тадқиқот ба хулосае омадаанд, ки бо назардошти омилҳои тиббию генетикӣ, маънавӣ ва ахлоқию эстетикӣ байни амак, тағо, амма, хола ва ҷиянҳо, бародару хоҳарзодаҳо бастани ақди никоҳ манъ карда шавад, чунки тибқи нишондодҳои тиббӣ дар дараҷаҳои сеюм ва чоруми хешӣ эҳтимолияи патологияи ирсӣ бештар аст.

      Барои ҳалли масъалаи дараҷаи хешие, ки барои бастани ақди никоҳ монеа мегардад, ба андешаи мо, бояд намояндагони соҳаи тиб нуқтаи охиринро гузоранд (аз ҳамин нигоҳ аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришро якум ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд). Мутахассисони соҳаи тиб бояд муайян кунанд, ки кадом дараҷаи хешӣ хавфи таваллуди фарзандони маъюбро ба вуҷуд меорад. Агар таҳлилҳои дахлдор гузаронида шуда, чунин дараҷаи хешӣ муайян гардад, пешниҳод дорем, ки дар моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатҳои дуюм-чорум якто карда шуда, хешовандони наздике, ки байни онҳо бастани ақди никоҳ мумкин нест, дар дохили қавсайн бапуррагӣ нишон дода шаванд.

      Дар масъалаи муоинаи тиббии пешакии шахсони издивоҷкунанда низ нақши кормандони соҳаи тиб бузург аст. Чуноне медонем, ҳоло тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муоина ихтиёрӣ ва ройгон мебошад. Тибқи дастури Президенти кишвар бояд масъалаи ҳатмӣ намудани чунин муоинаи тиббӣ омӯхта шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ таклифҳо манзур карда шаванд.

     Бояд қайд намуд, ки ба масъалаи мазкур низ дар адабиёти ҳуқуқӣ ақидаҳо баён шудааст. Мушкилоти мавҷударо дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, муаллифон Бурҳонова М.Ҷ. ва Бадалов Ш.К. пешниҳод намудаанд, ки пешбинӣ намудани муоинаи ҳатмии шахсони никоҳшаванда яке аз роҳҳои пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои муайян мебошад. Чунин таҷриба дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон низ мушоҳида мегардад. Масалан, дар Фаронса бо мақсади таъмини солимии насл қонунгузор барои бастани ақди никоҳ нисбат ба шахсоне, ки гирифтори бемориҳои муайян мебошанд, маҳдудиятро пешбинӣ кардааст[5]. Талаби муоинаи ҳатмии пешакӣ дар давлатҳои Белорусия, Латвия, Украина, Ўзбекистон ва ғайра низ мавҷуд мебошад.

     Барои ҳатмӣ намудани муоинаи тиббӣ ҳалли як қатор масъалаҳо муҳим мебошад:

   1) номгӯи бемориҳое, ки издивоҷкунандагон бояд нисбати онҳо муоина шаванд[6]. Имрӯз дар соҳаи тиб номгӯи зиёди бемориҳое маълуманд, ки гузаранда ва сироятӣ буда, боиси носолимии оила мегарданд. Масалан, яке аз чунин бемориҳо вируси норасоии масунияти бадан мебошад, ки ба ин масъала диққати хоссаи Президенти ҷумҳурӣ равона гардида, қайд гардид, ки «Гирифторони он дар кишвар имрӯз беш аз шашуним ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддии Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа мебошад».

    Ин ҷо саволи муҳим ба миён меояд, ки оё муассисаҳои тиббӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон имконияти ташхиси ҳама намуди бемориро доранд ё не. Дар ҷойҳое, ки чунин имконият нест, зарурати ба марказҳои ноҳия ё вилоятҳо муроҷиат кардани онҳо ба миён омада, дар бастани ақди никоҳ душвориро эҷод мекунад. Аз ин рӯ, зарфияти (потенсиали) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала бисёр муҳим аст; 

     2) масъалаи музднок ё ройгон амалӣ намудани муоинаи тиббии издивоҷкунандагон бояд ҳал карда шавад. Масъалаи мазкур бо масъалаи якум алоқаи зич дорад. Вобаста ба доираи бемориҳое, ки нисбати онҳо муоина гузаронида мешавад, ҳаҷми хароҷот фарқ карда метавонад;

        3) муайян намудани оқибати риоя накардани талаботи муоинаи ҳатмии тиббӣ.

     Ба андешаи мо, бо дарназардошти тадқиқот ва пешниҳодҳои мутахассисони соҳаи тиб бояд муоинаи тиббӣ ҳатмӣ гардонида шуда, ҳамчун шарти бастани ақди никоҳ пешбинӣ гардад. Ҳангоми бастани ақди никоҳ кормандони САҲШ дар баробари пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешбинӣ гардидаанд, бояд маълумотномаи тиббиро оид ба вазъи саломатии издивоҷкунандагон талаб намоянд.

      Барои роҳандозии муоинаи ҳатмии тиббӣ зарур аст, ки дар моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид карда шуда, тартиби гузаронидани он ба низомномаи махсусе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад,  ҳавола карда шавад.


[1] Ниг.: Усмонов О., Маҳмудов М. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1994.

[2] Ниг.: Бурҳонова М.Ҷ., Бадалов Ш.К. Ҳифзи ҳуқуқҳои занон дар доираи ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2013. С.46.

[3] Ниг.: Усмонов О., Маҳмудов М. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон.С.24.

[4] Ниг.: Победоносцев К.П. Курс гражданского права. Часть 2: Права семейственные, наследственные и завещательные. М., 2003. С. 33; Шершеневич Г.Ф. Учебник русского гражданского права (по изд. 1907 г.). М., 1995. С. 414; 7 Мейер Д.И. Русское гражданское право: В 2 ч. (По испр. и доп. 8-му изд., 1902). 2-е изд., испр. М., 2000. С. 722; Рясенцев В.А. Советское семейное право. М., 1982. С. 74-75; Антокольская М.В. Семейное право. М., 2001. С. 114—115; Косова О.Ю. Семейное и наследственное право России. М., 2001. С. 74—75; Тарусина Н.Н. Семейное право. М., 2001. С. 55; Нечаева А.М. Семейное право. Курс лекций. М., 2001. С. 93—95; Пчелинцева Л.М. Семейное право России.  М., 2004. С. 97; Ворожейкин Е.М. Семейные правоотношения в СССР. М., 1972. С. 24-42.

[5] Ниг.: Бурҳонова М.Ҷ., Бадалов Ш.К. Ҳифзи ҳуқуқҳои занон дар доираи ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. С. 48-49.

[6] Дар таҷрибаи байналмилалӣ одатан барои бемориҳои гемофилия, талассемия, гепатит, БПНМ ва баъзе бемориҳои зуҳравӣ чунин маҳдудият пешбинӣ шудаанд.