Соҳибов Муҳаммадҷон Маҳмадалиевич
ассистенти кафедраи ҳуқуқи
граждании факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Калидвожаҳо: қонунгузории замин, ислоҳоти замин, ислоҳоти кишоварзӣ, таносуби онҳо, мафҳум, мақсад, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти замин.
Ключевые слова: земельное законодтельство, земельной реформы, аграрной рефмормы, понияте, задачи, цель и основные направления земельной реформы.
Keywords: land zakonodtelstvo, land reform, agrarian refmormy, poniyate, objectives, purpose and main directions of land reform.
Вобаста ба моҳияти худ ҳар як ислоҳот (ислоҳоти ҳуқуқӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, ислоҳоти сиёсӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ислоҳоти судӣ), аз ҷумла ислоҳот дар соҳаи замин ба асосҳои иқтисодии давлат вобастагӣ дорад. Дар навбати худ ислоҳоти замин ҳамчун масъалаи таъмини бозори озуқа, инкишофи сиёсати инвеститсионӣ, идоракунӣ ва танзими муносибатҳои иқтисодии давлат, рушди иҷтимоӣ ва пурра ба амал баровардани захираҳои кишоварзӣ ва ғайраҳо баромад карда метавонад[1].
Ба ақидаи таҳлилгарони соҳа ислоҳоти замин маҳаки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро ташкил медиҳад. Ҳамчун воситаи муҳим ва асосии фаъолияти кишоварзӣ ин замин аст, ки манфиати иқтисодии деҳқонон аз он бармеояд, муҳаррики тавонои инкишоф аст. Бинобар он, таъсиси хоҷагиҳои деҳқони (фермерӣ) дар кишвар, натанҳо ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодабарии заминро барои деҳқонон муайян мекунад, балки яке аз заминаҳои асосии гузариш ба маҷрои табии фаъолияти иқтисодӣ, яъне муносибатҳои бозорӣ мебошад.[2]
Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ қарор дорад. Дар ин давра зарур аст, ки тамоми соҳаҳо ба талаботи ин раванд, яъне талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ гардонда шавад, аз ҷумла муносибатҳои заминистифодабарӣ, бар акси ҳол иқтисодиёти мамлакат бо низом рушд нахоҳад кард.
Дар кишвар самти муҳими ислоҳот ба маҷрои муайян ворид намудани соҳаи кишоварзӣ аст, ки аз ислоҳоти замин ва муносибат ба он сарчашма мегирад.
Имрӯз дар кишварамон ислоҳоти иқтисодӣ идома дошта, шакли моликият ва муносибат ба он тағйир ёфта истодааст. Яке аз самтҳое, ки бештар аз дигар соҳаҳо ба ислоҳот ниёз дорад, замин ва истифодабарии оқилонаи он аст ва рушди бонизоми иқтисодиёти ҷумҳуриамон аз он вобастагии зиёд дорад. Аз ин ҷост, ки ташкилоту корхонаҳои соҳа таҳти ислоҳот ва азнавташкилдиҳӣ қарор додашуда истодаанд, ки бо мақсади суръатбахшии ислоҳоти замин ва беҳтар намудани истифодаи замин буда ба Кодекси замини ҶТ (Қонун аз 01.08.12, №891) ислоҳотҳо ворид карда шудаанд, ки дар асоси онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҶТ пулакӣ ё бепул, бемуҳлат, муҳлатнок ё истифодаи якумраи меросӣ қитъаи замини бо ҳуқуқи бегона кардан истифодаи замин дода мешавад.
Яъне, ду намуди (категорияи) заминистифодабарандагон:
а) дорои ҳуқуқи бегона кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин;
б) бе доштани ҳуқуқи бегона кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин арзи вуҷуд мекунад.[3]
Инчунин асоси ҳуқуқии ташкилоту корхонаҳои соҳа таҳти ислоҳот ва азнавташкилдиҳӣ қарор додашударо Фармонҳои Президенти ҶТ «Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» аз 25 июни соли 1996, №522 ва «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» аз 30 июни соли 2006, №1775[4] ташкил медиҳад. Яъне дар ин ҷараён пеш аз ҳама замин ва шакли истифодабарии он тағйир меёбад. Барои ба шаҳрвандон махсусан, сокинони деҳот, кушодани роҳи васеъ, ҷиҳати соҳиб шудан ба замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатию коллективӣ ва ташкил кардани хоҷагии мустақили худ қонунҳо қабул карда шудаанд, ки вобаста ба талаботи замон онҳо тағйир ва такмил меёбанд. Ин имкон медиҳад, ки сокинони деҳот ва умуман, кормандони соҳаи кишоварзӣ соҳиби саҳми замин гашта, хоҷагӣ ташкил кунанд ва онро мустақилона идора намоянд, ки гуфтаҳои боло моҳиятан мазмуни ислоҳоти заминро дар ҶТ ифода мекунад.
Вақте сухан дар бораи баҳодиҳии ислоҳоти замин дар ҶТ ва назарияи ҳуқуқ меравад, тадқиқоти мафҳуми «ислоҳоти замин», самтҳои асосӣ ва вазифаҳои он дар назар дошта мешавад. Яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқию назариявии ислоҳоти муносибатҳои замин дар ҶТ ин муайян кардани мафҳуми «ислоҳоти замин» мебошад. Зимнан дар ин маврид бояд аз мазмуни худи мафҳуми «ислоҳот» бар омада, нуқтаҳои назари доктриналии марбут ба муайянкунии мафҳуми «ислоҳоти замин», ки дар илми ҳуқуқшиносӣ ҷой доранд, ба инобат гирифта мешаванд.
Дар Луғати энсиклопедии соли 1955 зери таҳрири Б.А. Введенский мафҳуми «ислоҳот» ҳамчун дигаргуниҳои куллӣ, тағйиротҳо, бозсозӣ ва ё табадуллоти сиёсӣ, ки ба асосҳои мавҷудаи сохтори давлатӣ таъсир намерасонанд, маънидод карда мешавад.[5]
Дар Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ соли 2012 зери таҳрири М.А. Маҳмудов дар робита бо «ислоҳоти ҳуқуқӣ» зери мафҳуми «ислоҳот» дигаргун сохтан, тағйир додан ва ё беҳтар кардани низоми ҳуқуқии ин ё он муносибат аз ҷумла низоми ҳуқуқии кишвар фаҳмида мешавад.[6]
Дар Луғати забони русии С.И. Ожёгов аз соли 1987 мафҳуми «ислоҳот» ҳамчун дигаргуниҳои куллӣ, тағйиротҳо, бозсозии ягон чиз, ислоҳоти сиёсӣ бошад, чун табаддулоти сиёсие муайян карда мешавад, ки ба асосҳои мавҷудаи сохтори давлатӣ таъсир намерасонад.[7]
Инчунин таҳти мафҳуми ислоҳот тибқи Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ ин тағйир додан, навсозии шароит ва тарзи кори ягон соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ барои беҳбуди он фаҳмида мешавад.[8]
Бояд гуфт, ки ба тадқиқоти мафҳуми «ислоҳоти замин» дар адабиёти ҳуқуқӣ диққати зиёд дода мешавад. Вале ҳангоми муайян кардани мафҳуми мазкур дар адабиёти ҳуқуқӣ ақидаҳои якхела ва фикрҳои ягона вуҷуд надорад.
Як қатор муаллифон ислоҳоти заминро ҳамчун қисми таркибии ислоҳоти кишоварзӣ баррасӣ менамоянд. Масалан, Н. И. Шайгада қайд мекунад, ки ислоҳоти замин оғози солҳои 1990 ҳамеша дар матни ислоҳоти умумии кишоварзӣ таҳлилу баррасӣ мегардид.[9] М.И. Палладина чунин мешуморад, ки ба мазмуни васеъ ислоҳоти кишоварзӣ объективан чун комплекси органикии се ислоҳот: ислоҳоти замин, ислоҳоти кишоварзӣ ва ислоҳоти идоракунӣ мебошад, ки байни худ алоқаи ногусастанӣ доранд.[10] Ба ақидаи А. В. Петриков ислоҳоти заминро яке аз равандҳои бештар тағйирёбандаи табаддулотҳои кишоварзӣ (аграрӣ) баррасӣ мекунад.[11]
Дар маҷмӯъ ислоҳоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо сабабу шароитҳои объективии сиёсӣ ва иқтисодӣ нисбатан дер шурӯъ ва нобаробар амалӣ гардонида шуд. Раванди тақсим намудани замин ба деҳқонон, тағйири муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию роҳбарикунӣ, ҳамчунин рӯ гардонидани мақомоти давлатӣ аз идоракунии бевоситаи маҳсулоти кишоварзӣ дар муддати тӯлони бисёр душвориҳоро ба миён овард.
А.А. Никонов моҳияти ислоҳоти кишоварзии оғози солҳои 1990-умро тавсиф намуда, қайд менамояд, ки он «аз тағйироти комплексии тамоми низоми муносибатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҳуқуқи моликиятӣ ба замин ва дигар воситаҳои истеҳсолот, низоми пешбурди хоҷагидорӣ ва ғайраҳо иборат мебошад».
Баъзе олимони соҳа ислоҳоти заминро чун қисмати муҳимтарини ислоҳоти иқтисодӣ, ки айни замон дар ҶТ гузаронида мешавад, муайян месозанд.
Ба андешаи Ш.М. Исмоилов ислоҳоти замин қисми муҳими ислоҳоти иқтисодӣ мебошад, ки дар ҶТ гузаронида мешавад, мақсади ташаккули иқтисодиёти бозории иҷтимоӣ нигаронидашударо дорад. Яке аз самтҳои асосии он истифодаибарии мақсаднок, самаранок ва сохтани механизми бозории ҳуқуқи истифодабарии замин аст. Дар баробари ин муаллиф қайд мекунад, ки ҷузъиёти аввалиндараҷаи ислоҳоти замин дар ҶТ воситаи муҳими ҳалли масъалаҳои дар пеш истодаи ҳуқуқ, мустаҳкам кардани низоми ҳуқуқии муносибатҳои ислоҳотталаби замин ва рушди онҳо мебошад.[12]
Дар баробари нуқтаҳои назари қайдкардашуда, ҳамчунин дигар ақидаҳои олимон низ вуҷуд доранд, ки ба хислати мустақил доштани ислоҳоти заминро ишора менамоянд. Масалан, В.Н. Лексин ва А.Н. Шветсов зери ислоҳоти замин «азнавтақсимкунии адолатнок ва асосноккардашудаи заминҳо, инчунин муқарраркунии имкониятҳои бо ҳуқуқ таъминбудаи истифодабарии онҳо, гузариш ба усулҳои бештар иқтисодӣ идоракунии захираҳои замин ва тақвият бахшии ҳифзи экологизатсия (экологикунони)-ӣ заминдорӣ ва заминистифодабарӣ» мефаҳманд[13].
А.П. Анисимов ислоҳоти заминиро бо сиёсати давлатӣ алоқаманд менамояд, ки бо мақсади ба вуҷудоии гуногуншаклии моликият, ташаккули ҳавасмандкуниҳои иқтисодии заминистифодабарандагон оид ба истифодаи оқилонаи заминҳо, мукаммалгардонии усулҳои ҳифзи замин чун захираи табиӣ, ба куллан тағйир додани сохтори муносибатҳои заминистифодабарӣ равона гардидааст[14].
Бе шубҳа нуқтаҳои назари нишондодашуда роҷеъ ба дарки моҳияти ислоҳоти замин ва кишоварзӣ бисёр муҳим мебошанд ва байни онҳо албатта алоқаи муттақобила низ вуҷуд дорад, мо инро инкор карда наметавонем, лекин ба ҳар сурат, ба андешаи мо, барои чун қисми таркибии ислоҳоти кишоварзӣ баррасӣ намудани ислоҳоти замин ҳеҷ ягон асосе вуҷуд надорад. Бинобар ин, кӯшиш мекунем то мавқеи изҳоркардаамон то ҳадди имкон асоснок карда шавад.
Таркиб ва алоқаи муттақобилаи ин ислоҳотҳо аксаран бо мақсад ва самтҳои асосии онҳо муайян карда мешаванд.
Мафҳуми «мақсад» дар луғатҳои энсиклопедӣ чун натиҷаи ниҳоие фаҳмида мешавад, ки нисбати он ҷараён дидаву дониста, қасдан равона шудааст.
Мувофики м.1 Қонуни ҶШСФР (РСФСР) аз 23 ноябри соли 1990 «Дар бораи ислоҳоти заминӣ»[15] мақсади ислоҳоти замин аз азнавтақсимкунии замин иборат мебошад, ки баҳри ташаккули шароитҳои самараноку оқилонаи истифодаи заминҳо равона гардиааст. Чи тавре, ки дар м.1 Кодекси замини ҶШСФР аз 25 апрели соли 1991, №1103-1[16], муқаррар карда шудааст, вазифаҳои қонунгузории замин аз танзими муносибатҳои замин бо мақсади таъмини истифода ва ҳифзи оқилонаи заминҳо, фароҳам овардани шароитҳо барои инкишофи баробарҳуқуқии шаклҳои мухталифи хоҷагидорӣ ба замин, таъмини хосияти такрористеҳсолии заминҳо, нигаҳдошт ва беҳдошти муҳити зист, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳо ба замин иборат мебошад.
Мақсадҳои ислоҳоти замин низ муайян карда шуда буданд, хусусан баландбардории самаранокии истифодаи замин, ташкили шароитҳо барои афзоиши иқтидори иҷтимоию сармоягузорӣ ва истеҳсолии замин, ба як омили мустақилу пурқуввати инкишофи иқтисодиёт табдил додани он, муқаррар шуда буд. Лекин мақсади ислоҳоти кишоварзӣ бошад, чи тавре, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ қайд карда мешавад, аз бартараф кардани буҳрони хоҷагии қишлоқ дар мамлакат, инчунин аз ташкили истеҳсолоти самараноку серфоидаи фаъолияти кишоварзӣ, ки қобилияти таъмин кардани талаботҳои аҳолиро ба хӯроквории баландсифат дорад, иборат мебошад.
Масъалаи муайянкунии самтҳои ин ислоҳотҳоро гирем агар, онгоҳ инҷо дарки умумистифодаи истилоҳи мазкур бояд ба инобат гирифта шавад. Дар луғат муродифҳои «самт» ҳамчун роҳи инкишоф, самтнокии ин ё он амал ё зуҳурот, равонашавӣ, майлу рағбат, ба ин ё он тараф равона будан, роҳи муайян тавсиф гардидааст.
Дар илми ҳуқуқи замин роҷеъ ба самтҳои асосии ислоҳоти замин фикру ақидаҳои гуногун баён шудааст. Чунин андеша ҷой дорад, ки ислоҳотҳои мазкур аз «муттаҳид сохтани молики қитъаҳои замин ва истеҳсолкунандаи хоҷагии қишлоқ дар як шахс, таъмини иҷроиши талаботҳои экологӣ ҳангоми истифодаи хоҷагии замин чун туҳфаи беҳамтои табиат, таъмини истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин вобаста ба хусусиятҳои сифатии онҳо» иборат мебошад. Ҳамингуна нуқтаи назарро оид ба самти ислоҳот, яъне «муттаҳид сохтани молики қитъаҳои замин ва истеҳсолкунандаи хоҷагии қишлоқ дар як шахс» низ иброз шудааст.
Муайянкунии самтҳои асосии ислоҳоти заминиро бояд дар алоқамандӣ бо ислоҳоти кишоварзӣ амалӣ намуд. Ислоҳоти кишоварзӣ ба азнавташкилкунии сохтори ташкилии колхозҳо ва совхозҳо, ба ташаккули қоидаи хоҷагиҳои деҳқонӣ равона карда шуда буд.
Ба ҳамин монанд нуқтаи назар тасдиқи худро дар қонунгузории замин, ки гузаронидани ислоҳоти заминиро таъмин мекунад, ифода ёфтааст.
Масалан, Асосҳои қонунгузории ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ «Дар бораи замин» аз 28 феврали соли 1990,[17] ки барои ворид намудани ислоҳот ба муносибатҳои замин заминаи ҳуқуқӣ гузошт, баҳри фароҳам овардани шароит барои инкишофи баробарҳуқуқии тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ равона шуда буданд. Тартиби шабеҳ дар Қонуни ҶШСФР аз 23 ноябри соли 1990, №374-1 «Дар бораи ислоҳоти замин» пешбинӣ шудааст. Фармони Президенти ИҶШС аз 5 январи соли 1991, №ФП-1285 «Дар бораи вазифаҳои аввалиндараҷа оид ба амалиградонии ислоҳоти замин», ки бо мақсади фаъолгардонии гузаронидани ислоҳоти замин қабул карда шудааст, баҳри фароҳам овардани шароит барои амалӣ шудани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ равона гардидааст.
Дар ҶТ дар замони муосир самтҳои асосии ислоҳоти замин бевосита дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти замин» 5 марти соли 1992, №594 ва Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9 ноябри соли 1995, №673 “Барномаи ислоҳоти иқтисодии комплекси аграсаноатии ҶТ”[18] ифодаи худро ёфтааст. Аммо шароити нави муносибатҳои заминистифодабарӣ дар кишвар талаб менамояд, ки қонунгузории соҳаи ислоҳоти замин мавриди таҷдиди ҷидди қарор дода, самтҳои нави ислоҳотталабро вобаста ба амалияи заминистифодабарии ҷумҳурӣ муқаррар намоянд.
Читавре, ки дар боло ишора намудем вазифаҳои ислоҳоти замин, моҳият, мақсад ва самтҳои ин ислоҳот дар қонунгузории замин аз ҷумла дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти замин» аз 5 марти соли 1992, №594 ифода ёфтааст. Мувофиқи моддаи 1 Қонуни мазкур вазифаҳои ислоҳоти замин дар ҶТ аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи замин иборат буда, мақсадаш зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки қонуни мазкуро қонуни давраи гузариш гуфтан мумкин аст, чунки дар шароити мавҷуд набудани консепсияи инкишофи қонунгузории замин ва консепсияи ягонаи гузариш ба низоми нави хоҷагидорӣ, заминаи муносибатҳои бозориро дар соҳаи кишоварзӣ муҳайё намуда, ҳудудҳои дахолати давлатро ба танзимнамоии муносибатҳо оид ба истифодаи замин дар соҳаи кишоварзӣ муайян менамояд. Қонуни мазкур то андозае ҳолати монополии моликияти давлатро нисбати замин тағйир дод.[19]
Ба гуногунии мақсадҳо ва хусусияти гузаронидани ислоҳоти кишоварзӣ ва замин нигоҳ накарда, инкишофи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба замин чун самти ислоҳоти кишоварзӣ ва замин аз алоқаи муттақобилаи онҳо шаҳодат медиҳад. Алоқаи муттақобилаи онҳо ҳамчунин дар он зоҳир мегардад, ки ислоҳоти замин гузаронидани ислоҳоти кишоварзиро бояд таъмин мекард. Маҳз барои ҳамин ислоҳоти заминиро баъзанҳам чун қисми ислоҳоти кишоварзӣ баррасӣ менамоянд.
Дар баробари ин дар адабиёти ҳуқуқӣ ҳолати мазкур ҳам чун яке аз проблемаҳои фаҳмиши ислоҳоти замин баҳо дода мешавад. Амалигардонии ислоҳотҳои замин танҳо ба проблемаи озуқаворӣ онҳоро оварда мерасонид ва каме ҳалли масъалаҳои заминиро дахл мекард.
Баҳодиҳии ниҳоии чунин фаҳмиши ислоҳоти замин дар самтҳои асосии инкишофи ислоҳоти замин дар Россия дода шудааст. Дар ин баҳодиҳӣ, ки дар Заминаи № 3-и қарори Кумитаи давлатӣ оид ба замини Федратсияи Россия (Госкомзем РФ) аз 9 июли соли 1997, №48 «Дар бораи вазифаҳои навбатии ислоҳоти замин»[20] муқаррар гардидааст, ба сифати яке аз сабабҳои ҳолати пешазбуҳронӣ дар инкишофи бозори амволи ғайриманқул хатогии дарки мақсад номбар шудааст, яъне аз ибтидо ҳамчун қисми ислоҳоти кишоварзӣ фаҳмидани ислоҳоти замин. Ба ҷумлаи лаҳзаҳои ҷиддии манфии ҳолате, ки дар фазои муносибатҳои замин дар миёнаҳои соли 1997 ба миён омада буд, ҳамчун самти кишоварзии азнавташкилдиҳии замин номида шудааст.
Дар асоси гуфтаҳои боло оид ба мустақилият ва аҳамияти ислоҳоти замин дар ҶТ хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки дар баробари алоқаи муттақобила доштани он бо ислоҳоти кишоварзӣ, бо фароҳам овардани шароит барои истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзидошта, пешбурди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва инкишофи баробарҳуқуқии тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба замин равона шудааст.
Дар баробари ин самтҳои асосии ислоҳоти замин мувофиқи моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти замин» аз 5 марти соли 1992, №594[21] аз инҳо иборатанд:
– ба рӯйхатгирии тамоми заминҳо аз рӯи гурӯҳҳо, тарзҳои заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои замин;
– муайян кардани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси замини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади азнавтақсимкунии он баҳри самаранок истифода бурдани замин;
– додани замин ба истифодаи якумраи меросӣ ба шаҳрвандони ҶТ барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин қитъаи замини наздиҳавлигӣ;
– аз нав тақсимкунии замин дар ҳолатҳои таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ;
– муқаррар ва аниқ кардани cарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудии мaҳалҳои аҳолинишин ва сохтори замину хоҷагидории онҳо;
– ба расмият даровардан ва аз нав ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро муайян менамоянд.
Масъалаи нуқтаҳои назар оид ба муайянкунии мафҳуми «ислоҳоти замин»-ро гирем, онгоҳ мавҷудияти нуқтаҳои назари мухталифи олимонро низ қайд кардан зарур аст. Дар баъзе ҳолатҳо дар илми ҳуқуқшиносӣ ислоҳоти заминро бо раванди тағйирёбии танзими муносибатҳои замин шабеҳ мекунанд.
Масалан, Л.П. Фомина ислоҳоти заминро дар маҷмӯъ ҳамчун ҷорӣ кардани ислоҳоти принсипалии мавқеи ибтидоии танзими ҳуқуқии муносибатҳои замин муайян мекунад.[22]
Ислоҳоти замин ин тағйироти куллии ҳамон сохтори замин аст, ки то охири солҳои 1990 дар собиқ Иттифоқи ИҶШС ҷой дошт. Ҳамингуна мафҳумдиҳии шабеҳи «ислоҳоти замин»-ро М.И. Палладина пешниҳод менамояд. Лекин мафҳуми «сохти замин»-ро муаллифон пешкаш наменамоянд.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ олимон сохти замини ҷамъиятиро ҳамчун танзими ҳуқуқии муносибатҳои замин ва ё маҷмӯи ҳамаи муносибатҳои замин муайян мекунанд, ки дар ҷамъият дар асоси шаклҳои мавҷудаи моликият ба замин ба вуҷуд омадаанд ва бо низоми мувофиқ ва шаклҳои хоҷагидорӣ ба замин дар қонун мустаҳкам шудаанд.
Тағйирдиҳии сохти замин дар воқеъ дар раванди гузаронидани ислоҳоти замин ба вуҷуд омадааст. Вале ба ақидаи мо, мафҳуми «ислоҳоти замин» танҳо бо тағйири танзими ҳуқуқии муносибатҳои замин маҳдуд намегардад. Бо ақидаи Н.Н. Школина розӣ шудан мумкин аст, ки мувофиқи он ислоҳотҳои замин ва кишоварзӣ гузаронидашуда ба тағйирёбии пурраи сохти замин оварда расонид.[23] Қайд кардан зарур аст, ки ислоҳотҳо воқеан ҳам ба тағйирёбии пурраи танзими муносибатҳои замин оварда расониданд, вале ингуна тағйирот мақсади ниҳоии ислоҳотҳои қайдшуда намебошанд. Чи тавре В.И. Суворов дуруст қайд менамояд «мантиқи «ҳад» наинки ба мақсади ягона мубаддал гардад, балки бояд ба афзоиши самараи равандҳои истеҳсолӣ мусоидат намояд».[24]
Дигар олимон ислоҳоти заминро бо ин ё он самтҳои асосии азнавташкилдиҳӣ, ки дар мамлакат гузаронида мешаванд, шабоҳат медиҳанд.
Масалан, ба ақидаи Н.И. Краснова мақсади ислоҳоти замини солҳои 1990 инкишофи умумии моликияти хусусӣ ва ташкили бозорӣ замин буд.
Дар замони муосир махсусан дар ҶТ ба масъалаи бозори ҳуқуқи истифодабарии замин низ аҳамият дода мешавад. Масъалан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо ин мақсад супориш дод, ки «бояд бозори сертификати замин ва фаъолияти самарабахши онро ташаккул дода, ба раванди ҷорӣ кардани муносибатҳои бозорӣ, истифодаи самараноки замин суръати тоза бахшем»[25].
Дар ин замина Ш.М. Исмоилов қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон, чун собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ замин тӯли солҳои дарроз аз муомилоти гражданӣ истисно шуда буд ва қонунгузорӣ оид ба замин дар замони Шӯравӣ ба муомилоти замин имконият намедод. Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бештар аз санадҳои ҳокимиятӣ бар меояд. Муомилоти замин бевоста бо қонун маън карда мешуд. Ва ҳамчун амалӣ маҳкуми ҷиноят маҳсум меёфт. Ҳар чанд, ки аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯрваӣ 20 сол гузашта бошад, ҳам ислоҳоти замин дурӯдароз ба амал бароварда мешавад, дастраси замин хеле содда шуда бошад ҳам, мақоми ҳуқуқи замин тағйир наёфааст. Аз ин рӯ мо бояд самтҳои созмон додани бозори ҳуқуқи истифодабарии заминро дар кишвар ҷорӣ намоям.[26]
Дар кишвар то андозе муаллифони дигар С.Х. Ашуров, С. Мирсаидов низ аз ташкили бозори замин дастгири мекунанд, муаллифон чунин қайд мекунанд, ки «Шикасти собиқ низоми Шӯравии истифодаи замин ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ якчанд мушкилотро дар роҳи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба миён овард. Ҳарчанд низоми бозории истифодаи замин рақобатро ба вуқуъ меорад ва моҳиятан бояд рақобат ҳам бошад, аммо монеаҳои ҷидди дар роҳи рақобати озод эҷод шуд. Агар дар истифодабарии замин муносибатҳои воқеии бозорӣ ташаккул меёфт, пас аз гардиш баромадани мазраъ, умуман заминҳои кишоварзӣ мушоҳида намешуд. Умуман, дар бозорӣ захираҳои замини рақобати солим ва самаранок мушоҳида намешавад. Дар ин фазои муносибатҳои бозорӣ ташаккули бозории замин яке аз унсурҳои муҳим мебошад.[27] Ва дар ҳамин замина бояд қайд намуд, ки ба ташаккули бозори ҳуқуқи истифодабарии замин таваҷҷуҳи зиёд дода шуда кӯшиш ба он равона карда шудааст, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дар муомилоти васеъи гражданӣ ба амал бароварда шавад ва қонунгузории маҳз дар асоси принсипи ташаккули бозори ҳуқуқи истифодабарии замин (м.13 КЗ ҶТ) рушд ёфта истодааст, ки асоси инро самтҳои нави ислоҳоти замин ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ аз 6 ноябри соли 1994 замин моликияти истисноии давлат аст. Айни замон замин моликияти хусусӣ шуда наметавонад ва ҳуқуқи истифодабарии он аз доираи муомилоти маҳдудият берун буда ҳам наметавонад.
Дар баробари ин, чи хеле ки А.Е. Черноморетс дуруст қайд менамояд, ташаккул, устуворшавӣ ва инкишофи шаклҳо ва намудҳои мухталифи моликият ин асоси сохтори бозсозии фаъолияти кишоварзӣ мебошад, аммо чунин ташаккулёбӣ мақсади ягонаи ислоҳоти гузаронидашаванда набуд. Тағйироти куллии асосҳои мавҷудаи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ на ба мақсади худи чунин тағйирот ва пешбурди шаклҳои гуногуни моликият ба замин ба роҳ монда шуда буд, балки давлат роҳи баровардани хоҷагии қишлоқи мамлакатро аз он буҳрони шадиде, ки дар он хоҷагии қишлоқ бо сабабҳои мухталифи объективию субъективӣ қарор дошта буд, меҷуст, масъалаи тағйирёбии шакли моликият ба замин пас аз ошкор гардидани бесамарагии хоҷагии қишлоқ ва ба хатари ҷиддии амнияти озуқавории мамлакат оварда расонидани он ба миён гузошта шуд.
Ба ақидаи мо, ҳангоми муайян кардани мафҳуми «ислоҳоти замин» бояд самтҳои ислоҳот, мақсади он ва чораҳои таъминкунандаи азнавсозиҳои дар Тоҷикистон гузаронидашаванда ба инобат гирифта шаванд.
Ба чораҳои таъминкунандаи ислоҳоти замин, дар адабиёти ҳуқуқӣ диққати зиёд дода мешавад. Масалан, Л.И. Буденко чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва ташкилиро асоснокона шомил менамояд. Таҳти ислоҳоти замин муаллиф «маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ, ташкилиеро мефаҳмад, ки ба тағйироти куллии низоми муносибатҳои замин ва сохтори заминистифодабарӣ, аз ҷумла ба азнавсозии моликияти замин ва азнавтақсимкунии замин, ба азхуд кардани механизми иқтисодии танзими муносибатҳои замин, ба ворид кардани усуслҳои пешрафтаи заминсозӣ, баҳри шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ фароҳам овардани шароит барои инкишофи баробарҳуқуқ ва самаранок, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаётии аҳолӣ аз лиҳози экологӣ инкишофи кишоварзии беҳатар равона гардидаанд».[28]
Баҳри дарки мазмун ва моҳияти ислоҳоти замин дар ҶТ ба инобат гирифтани заминаҳои гузаронидани он зарур аст. Чи тавре, ки С.А. Николски қайд мекунад, «зарурати қатъии ислоҳотҳои куллӣ дар Иттифоқи Шӯравӣ, ки масалан, муносибатҳои моликиятиро дар бар мегирифтанд, аллакай дар аввали солҳои 60-ум, яъне қариб 30 сол пеш аз он, ки ба ин кор шурӯъ кунанд, эҳсос карда мешуд». Ҳамчуниин ба он ишора намуд, ки аллакай дар солҳои 60-уми асри сипаригашта дар мамлакат назарияи сотсиализми бозорӣ ба миён омада буд ва плеядаи (гурӯҳи арбобони машҳур) иқтисодчиёни бозорӣ аз илм тадриҷан тамоми мавқеъҳои нави боқимондаро, ки дар сатҳи муайян ба мазмун, шаклҳо ва усулҳои ислоҳоти иқтисодӣ таъсир расонд, ғасб намуд. Дар илми ҳуқуқшиносӣ дигар нуқтаҳои назар низ мавҷуданд, хусусан заминаҳое, ки ба зарурати азнавсозиҳои ҷиддӣ дар Иттифоқи Шӯравӣ оварда расониданд.
Сарчашмаҳои доктриналӣ ва ҳуқуқии соҳаи ислоҳоти замин имконият медиҳанд, ки заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии онро ҷудо кунем.
Ба сабабҳои экологӣ ва иқтисодии ислоҳот замин академик А.А. Никонов ишора мекард. А.А. Никонов вазъи хоҷагии қишлоқи Иттифоқи Шӯравиро ҳамчун сабаби буҳронӣ тавсиф намуд: «иқтидори биоиқлимии мамлакат танҳо то 30-40% истифода карда мешуд, имкониятҳои генетикии дар марказҳои ҳоҷагии қишлоқи ИҶШС офаридашавандаи навъҳо ва пайвандҳо, зотҳои ҳайвонҳо бошанд, то 30-35%; пешбурди истеҳсолот захираҳои зиёдро ба миён меовард: барои истеҳсоли воҳидҳои молҳо энергия, нисбат ба мамлакатҳои инкишофёфтаи ҷаҳон, 2-3 маротиба зиёдтар сарф карда мешуд».
Ба заминаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии буҳрони хоҷагии қишлоқ ва ислоҳотҳои солҳои 1990, чи хеле, ки Л.П. Фомина қайд менамояд, дур кардани деҳқононро аз замин шомил кардан мумкин аст. Маҳз А.А. Никонов ба ҳамин сабаб ишора намуда, набудани ҳавасмандкуниҳои дар замин хуб меҳнат карданро бо маҳрум сохтани деҳқонон аз моликият ва озодии иқтисодӣ алоқаманд менамояд.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ дар марҳилаи пеш аз ислоҳотӣ оқилона истифода накардани замин бо матни проблемаи экологӣ баррасӣ карда мешавад.
Ислоҳоти замин дар Тоҷикистонро тавсиф намуда, хусусияти гузаронидани онро дар иртибот бо заминҳои таъиноти кишоварзӣ қайд кардан зарур аст. Ба воридшавии принсипи инкишофи баробарҳуқуқии тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ дар Қонуни ҶШСФР «Дар бораи ислоҳоти замин» нигоҳ накарда, дар муқаррароти қонунии ҳуқуқ ба замин, ба ҳар сурат, бартарият ба деҳқонон (фермерҳо), хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, боғдорӣ ва обчакорӣ дода мешуд. Маҳз барои ҳамин, ислоҳоти заминро дар ҶТ тадқиқ намуда, метавон гуфт, ки дар илми ҳуқуқи замин диққати асосӣ ба таҳлили ҳуқуқ ба заминҳои таъиноти кишоварзидошта, ки ба ин шаклҳои хоҷагидорӣ дар замин пешкаш гардидаанд дода шудааст.
Ба андешаи В.С. Устинов ва Т.С. Широкалова, сабаби асосии мушкилоти гузаронидани ислоҳот маҳз дар вайрон намудани принсипи баробарҳуқуқии шаклҳои хоҷагидорӣ дар фаъолияти кишоварзӣ зоҳир мегардад. «Муқаррароти қонунии бартарияти ҳуқуқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) нисбат ба коллективӣ яке аз сабабҳои асосии натанҳо зуҳуроти буҳронӣ дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, балки дар ноосудагии иҷтимоӣ дар қишлоқ гардидааст».
Дар адабиёти ҳуқуқӣ он ҳолатеро, ки моддаи 23 Асосҳои қонунгузории ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттфоқӣ оид ба замин ба ҷумлаи аввалинҳо ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирифтани замин барои пешбурди хоҷагиҳои шахсии ёрирасон, боғдорӣ, обчакорӣ ва ҳайвонотпарварӣ муқаррар мекард, танқидона баҳо медиҳанд. Ҳамингуна муқаррароти бартариятӣ оид ба додани заминҳои таъиноти кишоварзидошта барои пешбурди шаклҳои номбаршудаи хоҷагидорӣ дар Кодекси замини ҶШСФР низ ҷой дошт.
Дар баробари ин ислоҳоти замин дар ҶТ бар асари як қатор сабабҳо, ки оид ба онҳо на як маротиба дар адабиёти илмӣ ишора мегардид, ба анҷом нарасидааст. Дар Тоҷикистон алҳол механизми самараноки азнавтақсимкунии замин байни заминистифодабарандагон коркарди пурра нашудааст, масъалаи ба касодшавӣ ва ба бесамар истифода шудани замин, махсусан тағйир додани таъиноти заминҳои кишоварзӣ ва ғайраҳо оварда расонидани истеҳсолоти кишоварзӣ ҳалли худро пурра наёфтааст. Дар баробари ин бо ақида оид ба он, ки ғарамшавиҳои сунъию консептуалӣ ва ҳуқуқӣ дар низоми муносибатҳои замин яке аз сабабҳои асосии тӯл кашидани буҳрони кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, розӣ шудан мумкин аст.
Тадқиқоти дар мақолаи мазкур гузаронидашуда ба мо имконият медиҳад, ки хулосаҳои зерин барорем:
– шарти асосии гузаронидани ислоҳоти замин дар ҶТ аз буҳрони кишоварзӣ баровардани мамлакат ба шумор мерафт. Ислоҳоти замин дар ҶТ пеш аз ҳама баҳри ҳал намудани проблемаҳои кишоварзӣ дар мамлакат равона шудааст. Ба ҳамин хотир ислоҳоти заминро дар илми ҳуқуқшиносӣ аксаран чун қисми ислоҳоти кишоварзӣ баррасӣ менамоянд. Ислоҳоти замину кишоварзӣ, чӣ тавре ки тадқиқоти гузаронидашуда нишон дод, дар баробари алоқаи муттақобила доштан хусусияти мустақил доранд.
– проблемаи назарияи ҳуқуқи замин ва проблемаи ҳуқуқии қонунгузории замини ҶТ дар мавҷуд набудани қоида ё худ мавқеи коркарднашуда ва умумиэътирофнашуда оид ба муайян кардани мафҳуми «ислоҳоти замин» инъикос мегардад. Дарки комплексии ислоҳоти замине, ки мақсадҳо ва самтҳои асосии гузаронидани онро дар бар гирифта метавонад, инчунин аз чораҳои таъминкунандае иборат мебошад, ки ба марҳилаҳои амалигардонии ислоҳоти замин дар Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, зарур аст.
– ислоҳоти заминро дар ҶТ бояд чунин мафҳум дод, ки ҳамчун раванди тағйироти куллӣ ва мукаммалгардонии муносибатҳои замине фаҳмид, ки бо низоми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва бо дигар чораҳое таъмин шудааст, ки мақсади ташкили заминистифодабарии самаранок дошта, ба фароҳам овардани шароит барои инкишофи баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба замин, инчунин ба инкишофи муомилоти заминҳо, истифодабарии оқилона ва ҳифзи заминҳо равона шудааст дар маҷмӯъ ба муносибатҳои сифатан нави заминистафодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд фаҳмида шавад.
– дар маҷмӯъ хулоса баровардан мумкин аст, ки масъалаи асосии ислоҳоти замин – натанҳо зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ балки ба вуҷуд овардани инистутҳои нав дар қонунгузорӣ ба монанди ташкили бозорӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, вусъат додани инистути аҳдҳо бо ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ва дигар масъалаҳои муҳими заминистифодабарӣ мебошад. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ замин моликияти истисноии давлатӣ мебошад. Бинобарин ислоҳоти замин чунин маъно дорад: такмили муносибатҳои замин, яъне ташаккули соҳиби замин бо роҳи рушди муносибатҳои иҷоравӣ, додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ва инкишофи баробарҳуқуқи шаклҳои мухталифи хоҷагидорӣ ба замин; таъмин намудани истифодаи оқилона ва ҳифзи киштзорҳо; муҳайё сохтани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилию технологӣ ва ғайраи барқароркунӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва дар ин замина ба даст овардани ҳосили ҳадди аксар.
Барои гузаронидани ислоҳоти замин тайёр намудани заминаи татбиқи он зарур аст, ки инҳоро дарбар мегирад:
– инвентаризасияи (бақайдгирӣ) замин;
– муайян намудани навъу категорияи замин ва сатҳи заминистифодабарӣ;
– гузарондани корҳои заминсозӣ;
– мониторинги замин;
– тартиб додан ва ҷорӣ намудани кадастри давлатии замин;
– тартиб додани маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳо оид ба қонунгузории замин ва механизми ба роҳ мондани назорати истифодаи он;
– масъалаҳои баҳои замин, муайян намудани арзиши иқтисодии замин, нархгузории комплексии он барои такмил додани низоми андоз мебошад;
– чораҳо вобаста ба (механизмҳои) амалӣ кардани бозорӣ замин;
– мустаҳкамнамоии қонунгузорӣ оид ба ҳифзи судӣ ва ғайрисудии заминистифодабарӣ;
– идоракунии мақсадноки соҳаи замин ва ғайра мебошад.
Аннотатсия
Тавсифи умумии мафҳум ва моҳияти «ислоҳоти замин»: ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии он
Дар мақолаи мазкур масъалаи тавсифи умумии мафҳум ва моҳияти «ислоҳоти замин»: ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии он дар ин бахш таҳлил шудааст. Муаллиф бо назардошти адабиёти илмӣ ва қонунгузории замин, қонунгузории махсуси ислоҳоти замин ва назарияи ҳуқуқи замин мафҳум ва моҳияти ислоҳоти заминро мавриди баррасӣ қарор дода пешниҳоди илмӣ ва амалиро барои мукаммал гардонидани қонунгузории ислоҳоти замин ва таносуби ислоҳоти замин аз ислоҳоти кишоварзиро вобаста ба хусусиятҳояшон пешниҳод намудааст.
Аннотация
Общая характеристика понятия и сущности «земельной реформы»: его теоретические и правовые аспекты
В настоящей статье анализируются вопросы общей характеристики понятия и сущности земельной реформы, в частности его теоретические и правовые аспекты. Автор статьи с учётом изученной научной литературы и земельного законодательства, проводит соотношение земельной реформы с аграрной, конечно, учитывая их специфики, с этой целю, подвергая рассмотрению специальное законодательство земельной реформы, теорию земельного права, а также понятия и сущности земельной реформы, для совершенствования законодательства в этой сфере делает научные и практические предложения.
Annotation
General characteristics of the concept and essence of the “land reform”: its theoretical and legal aspects
This article analyzes the problems of the general characteristics of the concept and essence of land reform, in particular, its theoretical and practical aspects. The author studied taking into account the scientific literature and land legislation, conducting the ratio of land reform agrarian, of course, given their nature, with the purpose to this, consider putting a special law of the land reform, the theory of land rights, as well as concept and essence of land reform, to improve legislation in this area makes scientific and practical suggestions.
[1]Диденко Н.Н. Сущность и задачи аграрной реформы на современном этапе. //Сборник научных трудов. Серия «Экономика» /СевКавГТУ. Ставрополь, 2002. С.4.
[2]Ашуров С.Х., Мирсаидов С. Рентные отношения в аграрной сфере. //[Электронный ресурс]: sulbp-journal.narod.ru/jurnal/matn_1/ashurov_s_h.html (дата обращения: 20.05.2014).
[3]Исмаилов Ш.М., Латипова Л.Б., Сиддикова Н.Н. Комментарии к Закону Республики Таджикистан овнесении изменений и дополнений в Земельный кодекс Республики Таджикистан. От августа 2012 года №891. Душанбе-2012. Проект USAID по земельной реформе в Таджикистан. С.5-6.
[4]Централизованный Банк правовой информации Республики Таджикистан, Адлия версия 6.0. adlia@yandex.ru.
[5]Энциклопедический словарь / Под ред. Б.А. Введенского. Т. 3: Пращур-Яя, 1955.
[6]Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ /Зери таҳрири Маҳмудов М.А. – Душанбе: «ЭР-граф», 2012. С.184.
[7]Ожегов СИ. Словарь русского языка / Под ред. чл.-корр. Академии наук СССР Н.Ю. Шведовой. 18-е изд., стереотип. М.: Русский язык, 1987.
[8]Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ: иборат аз 2 ҷилд, ҷилди I- А – Н, Душанбе, 2008. С.556.
[9]Шайгада Н.И. Оборот сельскохозяйственных земель в России: трансформация институтов и практика / Н.И. Шагайда. М.: Ин-т Гайдара, 2010. С. 30.
[10]Палладина М.И. Аграрное право: учебник / С.А. Боголюбов, М.М. Бринчук, H.O. Ведышев (и др.) / Отв. ред. М.И. Палладина, Н.Г. Жаворонкова. M.: Проспект, 2010. С. 89.
[11]Петриков А.В. Земельная реформа в России: итоги и перспективы //Земельные отношения в переходный период: политика, экономика и право. Материалы «круглого стола» 15 марта 2001 г. М., 2001. С. 7.
[12]Исмоилов Ш.М. О совершенствовании нормативно-правовой базы земельного оборота в Республике Таджикистан //Гражданское законодательство. Выпуск 33. / Под ред. Диденко А.Г. Алма-Ата 2009 г. C.123-145.
[13]Лексин B.H., Швецов А.Н. Региональная политика и формирование земельного рынка //Российский экономический журнал. 1994. № 2. С. 45.
[14]Анисимов А.П. Земельная реформа в Российской Федерации: проблемы и перспективы: Учебное пособие. Волгоград, ВФ МУПК. 2001.
[15]Ведомости Съезда народных депутатов и Верховного Совета РСФСР. 1990. № 26. ст. 327.
[16]Ведомости Съезда народных депутатов и Верховного Совета РСФСР 1991. № 22. ст. 768.
[17]Ведомости Съезда народных депутатов и Верховного Совета СССР. 1990. № 10. Ст. 129.
[18]Программа «Экономических преобразований агропромышленного комплекса Республики Таджикистан» 9 ноября 1995 года №673. //Централизованный банк правовой информации Республики Таджикистан ADLIA Версия 6.00.
[19]Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М., Ѓафуров А.Д. Г-34. Ҳуқуқи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Китоби дарсӣ. -Душанбе, «Бухоро» 2013. С.35.
[20] Собрание законодательства РФ. 1999. № 27. Ст. 3379.
[21]Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, №10, мод. 139; соли 1994, №15-16, мод.252; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, №22, мод. 276; соли 1997, №9, мод.117; соли 2006, №3, мод.165.
[22]Фомина Л.П. Право собственности на землю в сельском хозяйстве. Аграрная реформа в Российской Федерации: правовые проблемы и решения. М.: Ин-т государства и права РАН, 1998. С.120.
[23]Школина Н.Н. Земельная правосубъектность сельскохозяйственных коммерческих организаций: Автореф. дисс. … канд. юрид. наук. М., 2009. С. 3.
[24]Суворов В.И. Государственно-правовое регулирование земельных реформ в России: Дисс. … канд. юрид. наук. М., 1996.
[25]Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, аз 20 апрели соли 2009 https://www.president.tj.
[26]Исмолиов Ш.М. Земельный рынок возможные перспективы /Ш.М.Исмолиов //Эконмика Таджикистана. – 2009. – №3. С.118-125.
[27]Ашуров С.Х., Мирсаидов С. Рентные отношения в аграрной сфере[Электронный ресурс]: sulbp-journal.narod.ru/jurnal/matn_1/ashurov_s_h.html.(дата обращения 20.05.2014).
[28]Будченко Л.И. Управление земельной реформой (правовые проблемы): дисс. … канд. юрид. наук: Москва, 1995. С.14.