Воқеан масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, ба хусус кудакон дар ҷомеаи имрӯза нигаронкунанда аст. Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кудакону наврасони маъюби то 18 – сола вуҷуд доранд, ки онҳо аз тарафи давлат нигоҳубин карда мешаванд. Сабаби ин ҳолатро Президенти кишвар таҳлил карда қайд намуданд, ки бештари ин кӯдакон маъюби модарзодӣ буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд. Ин вазъият дар ҳоле ҷой дорад, ки аз тарафи давлат чораҳои зарурӣ ҷиҳати ба дунё овардан ва ба воя расонидани насли солим андешида мешаванд. Бар замми ин ҳастанд ҳолатҳое, ки ба вайрон гардидани ҳуқуқи кудак ба ҳифзи саломатӣ оварда мерасонад.
Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои субъективии кудак ба ҳисоб рафта, ҳам дар санадҳои меъёрии байналмиллалӣ ва ҳам дар қонунгузории миллӣ мустаҳкам гардидааст. Ҳануз дар декларацияи ҳуқуқи кудак аз соли 1959 омадааст, ки кудак бо дар назардошти норасогии ҷисмонию ақлонӣ ба ҳимоя ва ғамхории махсус ниёз дорад. Муҳимтарин санади ҳуқуқие, ки кудакро субъекти ҳуқуқ эътироф кардааст, ин Конвенсия оид ба ҳуқуқи кудак маҳсуб меёбад, ки беш аз 200 давлати ҷаҳон онро эътироф кардааст ва ягона санади меъёрии ҳуқуқии СММ мебошад, ки дар муддати 2 дақиқа беягон шарт ва баҳсу мунозира қабул гардидааст. Ин бори дигар собит менамояд, ки Конвенсияи мазкур дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кудак санади муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Моддаи 24-и ин Конвенсия ҳуқуқи кудакро ба ҳифзи саломатӣ ва хизматрасонии тиббӣ аз батни модар то расидан ба сини 18 сола муқаррар менамояд. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кудакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд.
Дар ҶТ ҳуқуқи кудак ба ҳифзи саломати бо Конститутсия ва дигар қонунҳо, аз қабили қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» аз соли 1997, «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» аз соли 2002, «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» ва ғайра кафолат дода мешавад.
Мувофиқи моддаи 38-и Конститутсия ҳар шахс аз ҷумла кудак ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Зери мафҳуми ҳифзи саломатӣ маҷмуи чораҳои хислати сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва санитарию гигиенидошта фаҳмида мешавад. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ бошад, аз имконияти гирифтани кумаки ройгони тиббӣ дар муассисаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳалли нигаҳдории тандурустӣ иборат мебошад.
Дар ҶТ айни ҳол ҷараёни қабули қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи кудак» рафта истодааст. Мутобиқи моддаи 13-и лоиҳаи қонуни мазкур кудак ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Дар қонуни ҶТ «дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» низ, моддаи 34 ҳуқуқи кудак ба ҳифзи саломатӣ муқаррар карда шудааст. Мувофиқи он кудакон бояд давра ба давра ҳатман муоинаи тиббӣ шаванд ва таҳти мушоҳидаи доимии диспансерӣ бошанд. Бар зидди бемориҳое, ки бо ваксинаҳои иҷозат дода шуда пешгирӣ карда мешаванд, эм карда шаванд. Кудакони мубталои иллатҳои ҷисмонӣ ва ё руҳӣ ба кумаки тиббию санитарӣ ҳуқуқ доранд ва онҳо бо хоҳиши падару модарон, васиёну парасторон дар кудакистонҳои махсус, мактаб-интернат, хонаи бачагон ва хонаи-итернатҳои кудакон аз ҳисоби давлат тарбия ёфта метавонанд. Бояд зикр намуд, давлат ба кӯдак ёрии тиббии ройгонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, вале номгуи хизматрасониҳои тиббии ройгон, ки бояд ба кудакон расонида шавад, пешбинӣ карда нашудааст. Аз ҳамин хотир пешниҳод карда мешавад, ки дар лоиҳаи қонуни ҶТ «дар бораи ҳуқуқи кудак» моддаи алоҳида бо номи «Кудак ба хизматрасониҳои ройгони тиббии зерин ҳуқуқ дорад», гуфта илова карда шавад ва он номгу дар ин мода ҷойгир карда шаванд. Бояд қайд намуд, ки қонунгузории ҶТ ба таври мушаххас ин номгӯро пешбинӣ накардааст. Мисол:
1. Гузаронидани мушоҳидаҳои диспансерии кудакони солиме, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд;
2. Азназаргузаронии профилактики кудакони сини то 18 сола;
3. Ёрии лабораторӣ ва клиникавӣ бо дар назардошти гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, ташхисӣ ва табобати бемориҳо чи дар хона ва чи дар беморхона;
4. Додани машварат, ёрии стоматологӣ ва табобат аз тарафи мутахассисон ва ғайра.
Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи, Кодекси оила ва қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ӯҳдадориро ҷиҳати ғамхорӣ оид ба ҳифзи саломатӣ, инкишофи руҳию ҷисмонӣ ва маънавии кӯдакро бар зиммаи падару модар дар доираи амалигардонии ҳуқуқҳояшон вобаста ба тарбия мегузорад. Вобаста ба ҳамин ҳолат махсус қайд карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонад (қ.2 м.65 КОҶТ). Бандҳои 3,11,12,13,15,19 ва 23-и моддаи 8-и қонуни ҶТ «Дар бораи имасъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бевосита ба ҳифзи саломатии кудак равона карда шудааст. Мувофиқи муқаррароти ин меъёр падару модар уҳдадоранд, ки барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд, ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд. Ба ғайр аз ин дар КГ, КҶ ва КҲМ низ чораҳои ҳифзи саломатии кудак пешбинӣ шудаанд.
Тавре дар боло ишора шуд, яке аз омилҳое, ки ба саломатии кудак зарар мерасонад, ин никоҳи байни хешовандони наздик ба ҳисоб меравад. Илми тиб собит сохтааст, ки никоҳи байни хешу табори наздик натанҳо тифлони нуқсондорро ба вуҷуд меорад, балки ба безуриётӣ низ оварда мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз қонунгузории оилавии ҶТ бо мақсади ҳифзи саломатии кудакон никоҳи байни хешу таборони наздикро манъ кардааст, лекин мутаассифона ин меъёри қонунгузорӣ дар амалия на онқадар риоя карда мешавад. Сабабаш дар он аст, ки дар ҳуқуқи оилавӣ мафҳуми хешовандони наздик ба таври маҳдуд оварда шудааст, ки ба он бародарону хоҳарони айнӣ ва угай ки аз як падар ё модаранд дохил мешавад. Аз ин лиҳоз пешниҳод карда мешавад, ки мафҳуми васеътар бо илова кардани писарони амма, холла, амак ва тағо ҷойгир када шаванд ва ин мафҳум танҳо дар соҳаи ҳуқуқи оилавӣ истифода шавад. Чунки дар дигар соҳаҳо истифода бурдани он ба норасоӣ ва камбудӣ ҳангоми татбиқи қонунгузорӣ мегардад.
Дигар омиле, ки Сарвари давлат дар Паёми худ иброз доштанд, ин пайдо шудани кудакони носолим аз падару модаре, ки гирифтори нашъамандӣ мебошанд, ба ҳисоб меравад. Устодони гиромӣ! Дар урфиат мегуянд, ки падар чи гуна писар намуна, шумо тасаввру кунед, оё аз чунин падару модар чи гуна фарзанди солим ба дунё меояд? Тибқи маълумотҳои оморӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 7 135 нафар гирифторони нашъамандӣ ва беш аз шашуним ҳазор нафар ба бемории масунияти норасоии бадан (ВИЧ) гирифторанд ва ба ҳама маълум аст, ки бемории ВИЧ ба кудакони аз онҳо таваллуд шуда бе ягон шубҳа мегузарад. Албатта ин проблема ҳаст ва барои роҳ надодан ба чунин ҳолат пеш аз ҳама он бояд пешгирӣ карда шавад. Дар қонунгузории оилавии амалкунанда институти муоинаи тиббии никоҳшавандагон ҷой дорад, лекин аз сабаби оне, ки меъёри мазкур диспозитивӣ буда, иҷроиши онҳо хусусияти ҳатмигиро надоранд, аз ҷониби издивоҷкунандагон бештари вақт риоя карда намешаванд. Дар Паёми имсолаи худ сарвари давлат махсус оиди ин масъала қайд карданд, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Ин иқдом хеле хуб аст, чунки бисёр вақт аз паст будани шуури ҳуқуқии аҳолӣ ин воқеаҳо руй медиҳанд. Бар замми ин ман фикр мекунам, ки дар моддаи 12-и КО тағийрот ворид карда шавад ва муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ҳамчун банди алоҳида дар баробари дигар шартҳои бастани ақди никоҳ ба таври императивӣ (ҳатмӣ) ба роҳ монда шавад. Чунин қойда аллакай дар Узбекистон амал мекунад).
Дигар омиле, ки ба саломатии кудакон таъсири манфӣ расонида метавонад, ин дастрасии онҳо ба иттилооти зараровар мебошад. Дар зери мафҳуми иттилооти зараровар иттилооте фаҳмида мешавад, ки характери тарғиб намудан ба ҷангро дорад, иттилооте, ки ҳисси бадбинии миллӣ, динӣ, нажодӣ ва ғайраро дорад, инчунин иттилооти бешармона, аз ҷумла иттилооти порнографӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии кудак таъсири манфӣ мерасонад. Ба ақидаи олимон ҳатто ба кудакони хурдсол нишон додани филмҳои тасвирӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба ақидаи олимон кудаки аз 2,5 то 3 сола дар як вақт гаштан, қапидани ягон предмет, нигоҳ кардан ва гуш карданро надорад. Барои ҳамин набояд ӯро дар назди телевизор ҳамчун тамошобини заиф гузорем. Ба кудакони синнашон болотар низ ҳарчизе, ки пеш омад нишон додан лозим нест. Чунин ақидаро олимони соҳаи тиб исбот карда мегуянд, ки суръати баланди ивазшавии кадрҳо, ки дар як вақт равшании расмҳоро низ дигар мекунад, аз тарафи кудакон қабул намудани онҳо ғайриимкон мегардад ва дар натиҷа ба касалии эпилепсия оварда мерасонад. (Масалан, дар натиҷаи тамошои филми тасвирии Покемон бисёри кудакон ба бемории эпилепсия гирифтор шудаанд ва тамошои онро дар Россия манъ кардаанд, ба ғайр аз ин филми тасвирии ҳоло истро, ки хусусият зуровариро дошт ҳам дар Украина ва ҳам дар Росия манъ кардаанд).
Воситаи асосии паҳн гардидани иттилооти зараровар ин ВАО, наврасон ва ҷавонон мебошанд. Воситаи беҳтарини ҳифзи саломатии кудакон аз чунин иттилоот дар он мебошад, ки аз тарафи падару модар бояд ба ҳамон барномаҳои телевизионие, ки тамошои онҳо аз тарафи кудакон манъ карда шудааст ва ба сайтҳои интернетие, ки кудак имконияти даромадан дорад, код гузошта шаванд. Ба ғайр аз ин барои боз ҳам натиҷа додани ҳифзи саломатии кудак аз ҳар гуна иттилооти ба ҳаёт ва саломатии ӯ зараровар пешниҳод карда мешавад, ки дар ҶТ қонуни алоҳида “Дар бораи ҳифзи кудакон аз ҳар гуна иттилооте, ки ба саломатӣ ва инкишофи онҳо зарар мерасонад” қабул карда шавад. Чунки дар ин қонун тамоми ҷанбаҳои ҳифзи саломатии кудак аз ҷумла воситаҳои ҳифз ва ғайра пешбинӣ карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар аксарияти давлатҳо дар баробари қонуни алоҳида “Дар бораи ҳуқуқи кудак” доштанашон, чунин қонунҳо низ аллакай қабул гардидаанд. Масалан, дар Грузия қонун “Дар бораи ҳифзи ноболиғон аз таъсирҳои зараровар” аз соли 2001, дар Литва қонун “Дар бораи ҳифзи ноболиғон аз таъсири манфии иттилооти оммавӣ” аз соли 2002, дар Украина қонун “Дар бораи ҳифзи ахлоқи ҷамъиятӣ” аз соли 2003 ва дар Россия қонун “Дар бораи кафолатҳои асосии ҳуқуқи кудак” ва ғайра қабул карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар қонунгузории мо на мафҳуми иттилооти зараровар, ки ба ҳаёт ва саломатии кудак таъсири манфи мерасонад ва на номгӯи онҳо пешбинӣ нашудааст, танҳо қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модарро ӯҳдадор сохтааст, ки ба кудак паҳн кардани баъзе аз намудҳои онро манъ намояд. Аз ин рӯ қабули қонуни алоҳида оид ба ҳифзи кудак аз ҳар гуна иттилооти ба ҳаёт ва саломатии ӯ зараровар ба мақсад мувофиқ аст.
Қуроналиев Н.Ш. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ