[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_tta_accordion][vc_tta_section title=”Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ” tab_id=”1586613161582-914816d6-3f48″][vc_column_text]
Саволномаи имтиҳони давлатӣ аз фанни «Ҳуқуқи байналмилалӣ» барои донишҷӯёни курси 5-уми шӯъбаи «Муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ)», ихтисоси «Ҳуқуқи инсон ва муносибатҳои байналмилалӣ» ва курси 2-юми магистратураи ихтисоси «Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ» дар соли хониши 2014-2015
- Омилҳои пайдоиши ҳуқуқи байналхалқӣ
- Назарияҳо оид ба пайдоиши ҳуқуқи байналмилалӣ
- Моҳияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар аҳди қадим
- Моҳияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар асрҳои миёна
- Моҳияти ҳуқуқи байналмилалии муосир
- Ташаккулёбии ҳуқуқи байналмилалии классикӣ ва моҳияти он
- Предмет ва усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ
- Мақсад, объект ва функсияҳои ҳуқуқи байналмилалӣ
- Таносуби ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ
- Низоми ҳуқуқи байналмилалӣ
- Мафҳум, хусусият ва мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ
- Таснифоти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ
- Таносуби одати байналмилалӣ-ҳуқуқӣ бо шартномаи байналмилалӣ
- Мақоми принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ
- Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии созмонҳои байналмилалӣ: мафҳум ва намудҳои он
- Санадҳои конференсияи байналмилалӣ: мафҳум ва намудҳои он
- Кодификатсияи ҳуқуқи байналмилалӣ: мафҳум, мақсад ва намудҳои он
- Принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ: мафҳум, мақсад, функсия ва хусусиятҳои он.
- Таснифоти принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ
- Таълимотҳо оид ба таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи миллӣ
- Таносуби байналмилалӣ ва ҳуқуқи миллӣ
- Мафҳум ва мазмуни соҳибҳуқуқии байналмилалӣ
- Соҳибҳуқуқии байналмилалии давлати бетараф
- Соҳибҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Масоили соҳибҳуқуқии байналмилалии шахсони воқеӣ
- Соҳибҳуқуқии байналмилалии созмонҳои байналмилалӣ
- Соҳибҳуқуқии байналмилалии Ватикан
- Эътирофнамоӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ: мафҳум, аҳмият ва асоси ҳуқуқии он
- Назарияҳои эътирофнамоии байналмилалӣ
- Намудҳои эътирофнамоии байналмилалӣ
- Шаклҳои эътирофнамоии байналмилалӣ
- Ҳуқуққабулкунии давлатҳо: мафҳум, объект ва ҳолатҳои пайдоиши он
- Назарияҳои ҳуқуққабулкунии давлатҳо
- Ҷавобгарӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ: мафҳум ва асосҳои пайдоиши онҳо
- Ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ: мафҳум ва намудҳои он
- Ҳолатҳое, ки давлатро аз ҷавобгарии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ озод мекунад
- Ҷавобгарии сиёсии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ: мафҳум ва шаклҳои он
- Ҷавобгарии моддии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ: мафҳум ва шаклҳои он
- Ҷавобгарии байналмилалӣ-ҳуқуқии созмонҳои байналмилалӣ
- Назарияҳо оид ба қаламрав дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Тартиби тағирдодани қаламрави давлатӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Қаламрави байналмилалӣ: мафҳум ва асосҳои ҳуқуқии он
- Қаламравӣ дорои реҷаи омехта дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Дарёҳои байналмилалӣ: мафҳум, намуд ва реҷаи ҳуқуқии онҳо
- Мафҳум, намуд ва реҷаи ҳуқуқии сарҳади давлатӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Роҳҳои муқаррар кардани сарҳади давлатӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Тарзҳои ба дастовардан ва қатъгаштани шаҳрвандӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Бешаҳрвандӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ: мафҳум, хусусият ва намудҳои он
- Мафҳум, хусусият ва реҷаи ҳуқуқии шаҳрванди хориҷӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Принсипҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Мақоми ҳуқуқии шахси душаҳрванд (бипатрид) дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Тартиби додани мақоми гуреза дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таносуби мафҳумҳои гурезаи «мандатӣ», «ко\нвенсионӣ» ва «фаластинӣ» дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Ҳолатҳои аз даст додан ва маҳрум намудани мақоми гуреза дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони сиёсӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Мафҳум ва шаклҳои панохгоҳ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Марҳилаҳои ташкили конференсияи байналмилалӣ
- Конференсияи байналмилалӣ: мафҳум, номгӯ ва намудҳои он
- Марҳилаҳои таъсис додани созмонҳои байналмилалӣ
- Тартиб ва тарзи таъсис додани созмонҳои байналмилалӣ
- Табиати ҳуқуқии созмонҳои байналмилалии фавқулмиллӣ
- Созмонҳои байналмилалӣ: мафҳум, аломатҳо ва таснифоти онҳо
- Мафҳум ва намудҳои функсияи смозмонҳои байналмилалӣ
- Тартиби қабул ва қатъгардии узвият дар созмонҳои байналмилалӣ
- Созмони Милали Муттаҳид: таърихи таъсис, асоси ҳуқуқии фаъолият ва мақомотҳои он
- Асосҳои байналмилалӣ-ҳукуқии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид
- Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид: ҳайат, функсия ва шаклҳои фаъолияти он
- Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид: ҳайат, функсия ва салоҳияти он
- Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид: ҳайат, функсия ва сохтори он
- Суди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид: ҳайат, функсия ва фаъолияти он
- Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид: функсия ва фаъолияти он
- Муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид: таърихи таъсис, табиати ҳуқуқӣ ва таснифоти онҳо
- Созмонҳои байналмилалии минтақавӣ: мафҳум, хусусият ва тавсифи умумӣ
- Созмон оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо: таърихи таъсис ва асосҳои ҳуқуқии он
- Соҳибҳуқуқии байналмилалии Иттиҳоди Аврупо
- Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ИДМ
- Соҳибҳуқуқии байналмилалии Созмони шартномаи Атлантикаи Шимолӣ
- Созмони ҳамкориҳои Шанхай: таърихи таъсис ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он
- Созмонҳои Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ: мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолияти он
- Созмони умумиҷаҳонии савдо: таърихи ташакулёбӣ, мақсад ва функсияҳои он
- Воситаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии бо таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналмилалӣ: мафҳум ва асосҳои ҳуқуқии он
- Мафҳуми баҳси байналмилалӣ ва намудҳои он
- Намудҳои воситаҳои байналмилалӣ-ҳукуқии бо таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналмилалӣ
- Муассисаҳои судҳои байналмилалӣ: ташаккулёбӣ ва самтҳои фаъолияти он
- Трибунали байналмилалӣ: масоили ташкилӣ ва самти фаъолияти он
- Трибунали байналмилалӣ оид ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки қасдан меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстиро дар қаламрави собиқ Югославия вайрон кардаанд.
- Трибунали байналмилалии ҷиноӣ дар Руанда
- Трибунали байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ
- Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон
- Суди байналмилалии ҷиноятӣ
- Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи дипломатӣ
- Мақомотҳои робитаи берунаи давлат: мафҳум ва таснифоти онҳо
- Тартиби таъин ва бозхонди намояндагиҳои дипломатӣ
- Намояндагии дипломатӣ: ҳайат, масуният ва имтиёзҳои он
- Намояндагиҳои доимии давлат дар назди созмонҳои байналмилалӣ: шаклҳо, масуният ва функсияҳои онҳо
- Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи консулӣ
- Тартиби таъин ва бозхонди консул
- Муассисаҳои консулӣ: функсия ва самтҳои фаъолияти онҳо
- Предмет ва принсипҳои ҳуқуқи шартномаи байналмилалӣ
- Ҳуқуқи шартномаи байналмилалӣ: мафҳум, мақсад ва объекти он
- Шартномаи байналмилалӣ: мафҳум ва таснифоти онҳо
- Шакл ва сохтори шартномаи байналмилалӣ
- Кодификатсияи ҳуқуқи шартномаи байналмилалӣ
- Марҳилаҳои бастани шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Шаклҳои изҳори ризоияти субъект оид ба он ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ
- Воситаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини иҷроиши шартномаи байналмилалӣ
- Беэътибории шартномаи байналмилалӣ: намудҳо, шартҳо ва оқибатҳои онҳо
- Бекор кардани амали шартномаи байналмилалӣ: мафҳум ва тарзҳои он
- Мафҳум ва намудҳои боздоштани амали шартномаи байналмилалӣ
- Бақайдгирии шартномаи байналмилалӣ: намуд ва асосҳои ҳуқуқии он
- Ҳуқуқи байналмилалии бехатарӣ: мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои он
- Бехатарии дастаҷамъӣ: мафҳум ва намудҳои он
- Намудҳои амалиёти посдории сулҳи Созмони Милали Муттаҳид
- Халъи силоҳ: мафҳум ва асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии он
- Воситаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти байналмилалӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ: мақсад, вазифа ва сохтори он
- Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ
- Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ
- Иштирокчиёни низоъҳои ҳарбӣ: таснифот ва мақоми ҳуқуқии онхо
- Намудҳои низоъҳои ҳарбӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ
- Низоъҳои ҳарбии характери байналмилалидошта
- Низоъҳои ҳарбии характери ғайрибайналхалқидошта
- Воситаҳои манъшудаи пешбурди амалиёти ҳарбӣ
- Усулҳои манъшудаи бурдани амалиёти ҳарбӣ
- Намудҳои қатъгардии амалиёти ҳарбӣ: асоси байналмилалӣ-ҳуқуқии он
- Ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ: мафҳум, предмет ва сарчашмаҳои он
- Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ
- Супоридани ҷинояткор (экстрадитсия): асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва намудҳои он
- ИНТЕРПОЛ: мақсад, мақомот ва самтҳои фаъолияти он
- Мафҳум, субъект ва сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалии иқтисодӣ
- Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии иқтисодӣ
- Воситаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии баррасии баҳсҳои иқтисодӣ
- Мафҳум ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии баҳрӣ
- Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалии баҳрӣ
- Гулӯгоҳи байналмилалӣ ва каналҳои байналмилалӣ: асосҳои ҳуқуқӣ ва таносуби онҳо
- Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии баҳри кӯшод
- Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии қаламрави баҳрӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии хавоӣ: мафҳум, предмет ва сарчашмаҳои он
- Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии ҳавоӣ
- Фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон: танзими қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқӣ
- Ҳуқуқи байналмилалии кайҳонӣ: мафҳум ва сарчашмаҳои он
- Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии кайҳонӣ
- Мафҳум, предмет ва мақсади ҳуқуқи байналмилалии экологӣ
- Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалии экологӣ
- Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии экологӣ
- Масуният ва имтиёзҳои консулӣ
- Асосҳои байналмиллӣ-ҳуқуқии интегратсияи иқтисодӣ дар доираи ИДМ ва Аврупо
- Илми ҳуқуқи байналмилалӣ: ташаккул ва рушди он
- Сатандартҳои байналмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон
- Механизмҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон
Мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ,
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, дотсент М.Н. Раҷабов[/vc_column_text][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][/vc_column][/vc_row]