Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши ол эътироф кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебарад. Алалхусус яке аз воситаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвар санадҳои меъёри ҳуқуқии зиёдеро қабул шудаанд. Аз ин рӯ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи тамоми қонунҳои кишвар мебошад, ки амали гаштани ҳуқуқ ва озодиҳо, ҳам ба шахс ва ҳам ба лаёқати ҳуқуқдонии ӯ вобаста бударо амали гардонида шароит муҳайё месозад.
Бояд қайд кард, ки кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия дар шаклҳои гуногун таҷассум ёфтааст. Мувофиқи муқаррароти исми сеюми моддаи 5 ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Дар моддаи 14 муқаррар карда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки аз тарафи Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ҳифз карда мешаванд.
Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардида, кафолат дода мешаванд, ки ин кафолатҳо дар асоси ташкили ҳокимияти давлатӣ принсипи таксимшавӣ ба ҳокимияти қонунгузор иҷроия ва судӣ амали гардонида мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд имконияти дар доираи қонун ҳимоя кардан ва ташвиқу тарғиб намудани ақидаву эътиқодҳои худ кафолат дода мешавад, ки ин аз ҷумла дар ташаккулёбӣ ва амал кардани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, озодии матбуот ва ғайра ифодаи худро меёбад. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳар як давлат дар қонуни асосии худ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқу муқаррар мекунад.
6 ноябри соли ҷорӣ мардуми кишварамон 30-солагии қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияро, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабул шуда буд, ҷашн хоҳанд гирифт. Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад.
Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 инчунин 22 майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Аввалин маротиба ба Конститутсияи ҶТ 26 сентябри соли 1999 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки дигаргуниҳои мазмуниву меъёрӣ ва ҳуқуқиро ташкил менамоянд. Аз ҷумла, дар даҳ қисм ва ба 28 моддаҳои дахлдори Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Маҳз дар заминаи тағйиру иловаҳои мазкур боби сеюми Конститутсияи ҶТ (Маҷлиси Олӣ – иборат аз 16 модда) дар таҳрири нав, ки дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думаҷлиса муқаррар карда шуда, минбаъд ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамчунин тартиби интихоби вакилони парламент, таъини аъзои Маҷлиси миллӣ, дахлнопазирӣ, механизми ба роҳ мондани фаъолияти дохилии парламенти кишвар, тартиб ва асосҳои гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, доираи салоҳияти палатаи болоӣ – Маҷлиси миллӣ ва палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагон мушаххас таснифбандӣ гардида, самаранокии фаъолияти якҷоя ва ҷудогонаи палатаҳои Маҷлиси Олӣ мустаҳкам карда шуданд.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ дар марҳилаи дуюм, яъне 22 июни соли 2003 ба мукаммалсозӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ бо дарназардошти унсурҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ равона гардидаанд. Дар ин марҳила дар доираи 56 қисмат ба дебоча ва 54 модда тағйиру илова ворид карда шуда, бори нахуст муқаррароти интиқолӣ бо фарогирии 4 қисм дар Конститутсияи ҶТ пешбинӣ карда шуд.
Дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ аз 22 майи соли 2016, ки марҳилаи сеюми ворид намудани тағйиру илова ба шумор меравад, 40 тағйиру иловаҳои мушаххас, аз ҷумла ба номи Конститутсияи ҶТ, номи боби шашум, 37 модда ва муқаррароти интиқолии он ворид карда шуданд. Маҳз дар заминаи тағйироти мазкур аз ном ва матни Конститутсияи ҶТ калимаи «Сарқонун» хориҷ карда шуд. Инчунин шакли идоракунии ҶТ ҳамчун шакли идоракунии президентӣ дар қисми дуюми моддаи 1 мустаҳкам карда шуд.
Дар баробари ин дар моддаи 8 манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ мустаҳкам карда шуд. Бояд гуфт, ки дар қисми 2 моддаи 34 Конститутсияи ҶТ масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, инчунин масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар мустаҳкам карда шуд. Дар моддаи 45 супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян намудааст, ҳатмӣ эълон карда шуд.
Дар баробари ин, қисми 4 муқаррароти интиқолии Конститутсияи ҶТ дар таҳрири нав пешбинӣ карда шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд намудани аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ» муқаррар карда шуд.
Қабули Конститутсия соли 1994 натанҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногуни демократӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишвари мо ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсӣ ва бесарусомониҳо ба миён омаданд.
Бо ин мақсад Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд. Дар баробари ин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.
Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Бояд гуфт, ки дар асоси моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин меъёр бори дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Конститутсия аз они халқ буда, барои халқ хизмат мекунад. Дар моддаи зикршудаи Конститутсия таъкид шудааст, ки аз номи халқи Тоҷикистон фақат Президенти Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифзи Ватан, сулҳу амният, оромию осоиштагӣ зидди он қувваҳое, ки алайҳи давлату Конститутсияи мо мебошад, қатъӣ мубориза бурда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, давлатамонро ҳифз намоем.
Чуноне файласуфи Юнони қадим Демокрит гуфта буд: “Мақсад аз қонун беҳтар намудани аҳволи зиндагии одамон аст. Вале ин мақсад вақте амалӣ мегардад, ки худи одамон хоҳиши беҳтар намудани аҳволашонро дошта бошанд. Чунки қонун танҳо ба ашхосе манфиат мерасонад, ки дар итоаташ бошад”.
Дар моддаи 10-уми Конститутсия бошад, волоияти Қонуни Асосӣ мустаҳкам карда шудааст, тибқи он “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад” ва меъёрҳои он мустаҳкам амал мекунанд.
Бинобар ин, Конститутсия барои тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ мебошад ва ҳамаи онҳо бояд дар асос ва мувофиқи Конститутсия қабул карда шаванд. Дар ҳолати ба Конститутсия мувофиқат накардани санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ онҳо эътибори ҳуқуқии худро гум мекунанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли арзи вуҷудаш барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ намуд.
Қодирзода Саидакбар – ассистенти кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ