Лабораторияи криминалистӣ

Маълумотнома
       Бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисос, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон лабораторияи криминалистии замонавӣ фаъолият мекунад.

Лаборатория муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва рушди қобилиятҳои амалии донишҷӯён мусоидат менамояд. Лаборатория имконият медиҳад, ки мутахассисони соҳа бо сатҳи байналмилалӣ омода карда шаванд.

           Таркиби лаборатория:

  • Полигони (толори) амалҳои тафтишӣ
  • Синфхонаи суратгирии криминалистӣ
  • Лабораторияи трассалогӣ ва дактилоскопӣ
  • Лабораторияи баллистикӣ
  • Лабораторияи силоҳи сард
  • Лабораторияи хатшиносӣ ва тадқиқоти техникии ҳуҷҷат
  • Синфхонаи габитологӣ
  • Толори конфронс ва бойгонӣ

Лаборатория ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, бо шароити мусоид барои дарсҳои амалӣ дар ҳар фасли сол таъмин гардидааст. Ҳамзамон, муҳити он барои баргузории конфронсҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ ва машғулиятҳои амалӣ пешбинӣ шудааст.