Сангинов Д.Ш. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дар Тоҷикистон тамоми чораҳо оид ба амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, иштироки озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷодиёти бадеӣ, илмӣ, техникӣ ва истифода аз дастовардҳои онҳо, ба таҳсил, инкишофи варзиши оммавӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ андешида шуда мешаванд. Ин ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби давлат на танҳо ройгон таъмин карда мешаванд, инчунин давлат ба шаҳрвандон имконияти амалӣ намудани ҳуқуқҳои худро дар асоси шартномаҳои гражданӣ медиҳад. Ҳуқуқҳои номбаршудаи шаҳрвандон дар асоси шартномаи хизматрасонии пулакӣ амалӣ карда мешавад. Барои таъмин намудани талаботи рӯҳӣ, зеҳнӣ ва нигоҳдории ҳаёти муътадили шаҳрвандон хизматрасониҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ равона гардидааст.
Дар айни замон соҳаи хизматрасонӣ ба ҳаёти ҷамъиятии мо дохил гардид. Вазъияти имрӯзаи ҷамъият бе хизматрасонӣ, шаклҳо ва намудҳои гуногуни он имконнопазир мебошад. Ҳамарӯза дар фаъолияти амалӣ зарурати хизматрасонии навтарин ва хушсифаттарин пеш меояд[1].
Хизматрасонии иҷтимоӣ- фарҳангӣ – ин амали соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ оид ба таъмин намудани талаботи рӯҳӣ, зеҳнӣ, ҷисмонии истеъмолкунанда, таъмин ва барқарор намудани саломатӣ, инкишофи ҷисмонии шахс ва баланд бардоштани маҳорати касбии он мебошад. Ба хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии фарҳангӣ, хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ, хизматрасонии таҳсилӣ ва хизматрасонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дохил мешаванд.
Нақши хизматрасонии иҷтимоӣ – фарҳангиро дар ташаккули шахсият мумкин аст бо ёрии аҳолии унсурҳои алоҳидаи ин хизматрасонӣ ошкор намоем.
Соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ- фарҳангӣ ҳамчун омили устувори тавлидкунанда ва амалисозии талаботҳои инсонии тамоми сатҳ баромад мекунад аҳмияти он барои шахс бошад дар якҷоякунии самти иҷтимоӣ ва гуманитарии хизматрасонӣ ҷиҳати самараноки иҷтимоисозии шахсият аст. Таҷрибаи инкишофи давлатҳои зиёд исбот мекунанд, ки инкишоф наёфтани соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ- фарҳангӣ ҷараёни инкишофи имрӯзаи одамро ҳамчун корманд, шахсият, шаҳрванд ва оиладор боз медорад. Иқтисодиёт-и баланд ба хизматрасонӣ, ба талафи бузург дар худи истеҳсолоти моддӣ оварда мерасонад ва амалисозии омили инсониро аз нуқтаи назари намунаи «сармояи инсонӣ» мушкил месозад, ки дар майзадагӣ, нашъамандӣ, паст шудани фарҳанг ва рӯҳияи ҷамъият аз соат додани вақти корӣ бо сабаби беморӣ, хастагӣ, таҷассум мегардад. Ҳамаи ин ба паст шудани имконияти амалисозии қобилияти эҷодӣ, зеҳнии инсон ҳамчун қувваи истеҳсолкунандаи асосии ҷамъияти имрӯза таъсир мерасонад. Маҳз, барои ҳамин диққати ҷомеа бояд ба аҳамият ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ равона гардида бошад. Аз ҷониби инсон дар ҷараёни хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ дарки фарҳанги дарси қувваи инсондустиро фаро гирифта, қабулкунии арзишҳои умумиинсониро имконпазир мегардонад, ки бо он шароит ва тарзи ҳаёти инсонӣ таъсис меёбад ва рушд мегардад [2].
Аз мафҳуми хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ субъекти ин муносибатҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад: 1) иҷрокунанда – соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ; 2) фармоишгар – истеъмолкунанда.
Тибқи б.17 м.17 КА ҶТ соҳибкори инфиродӣ – шахси воқеиест, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ба амал мебарорад[3]. Соҳибкори инфиродӣ шахси воқеие (шаҳрванде) мебошад, ки корро шахсан аз номи худ, аз ҳисоби худ ва таваккали худ пеш мебарад, мустақилона қарорҳои хоҷагидорӣ қабул менамояд[4]. Шахси ҳуқуқӣ ташкилоте мебошад, ки дар моликият пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ молумулки мустақил дошта, аз рӯи ин молумулк ҷавобгар мебошад, метавонад аз номи худ ҳуқуқи молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст орад, уҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад[5].
Хусусияти субъектон-иҷрокунандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар он аст, ки ҳам соҳибкори инфиродӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ бояд дар соҳаҳои алоҳида махсусгардонида шуда бошанд (дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, маориф, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш).
Истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки мақсади фармоиш додан ё ба даст овардани моли фармуда, бадастоварда ё истифодашуда (кор ё хизматрасонӣ)-ро танҳо барои талаботи шахсӣ, оилавӣ, хонагӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқамандӣ надорад, дорад[6]. Ба ақидаи мо, гирандаи хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ танҳо шахси воқеӣ мебошад, фармоишгари хизматрасонӣ бошад метавонад ҳам шахси воқеӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ бошад.
Масъалаи дигари муҳими тадқиқотии мо самти фаъолияти иҷрокунандагон мебошад, яъне таъмин намудани талаботи рӯҳӣ, зеҳнӣ, ҷисмонии истеъмолкунанда, нигоҳдории ҳаёти муътадили он, таъмин ва барқарор намудани саломатӣ, инкишофи ҷисмонии шахс ва баланд бардоштани маҳорати касбии он аст.
Талабот, ниёз – ҳолати ботинии ҳиссиёти рӯҳӣ ё функсионалии норасогии ягон чӣ аст, ки вобаста аз омилҳои вазъиятӣ зоҳир мегардад[7]. Талабот – намуди ниёзи функсионалӣ ё рӯҳӣ ё нарасидани ягон намуди объект, субъект, фард, гурӯҳи иҷтимоӣ, ҷамъият мебошад. Талабот ангезандаи дохилии фаъолнокӣ буда, вобаста аз вазъият гуногун зоҳир мегардад. Зеро ҷараёни таъмин намудани талабот ҳамчун фаъолияти мақсаднок баромад мекунад. Талабот сарчашмаи фаъолнокии шахс мебошад. Мақсадро субъективона ҳамчун талабот дарк намуда, инсон боварӣ ҳосил мекунад, ки таъмин намудани охирин танҳо ба воситаи ба даст овардани мақсад имконпазир аст. Ин ба он имконият медиҳад, ки фаҳмишҳои субъективии худро оид ба талабот бо мазмуни объективии он таносуб кунад. Ба инсон хос аст, ки ҳатто он талаботҳое, ки бо вазифаи мавҷудияти ҷисмонии он алоқаманданд, аз талаботи шабеҳи ҳайвонот фарқ мекунад. Ба туфайли ин онҳо қобилияти вобаста аз шакли ҷамъиятии фаъолияти зиндагии онҳо шакливазкуниро доранд. Инкишофи талаботи инсонӣ аз ҳисоби инкишофи мавзӯи ҷамъиятии онҳо амалӣ карда мешавад. Талаботи субъективӣ дар намуди хоҳиши эҳсосотии гуногунранг, рағбат, кӯшиш ифода мегардад ва таъминкунии онҳо бошад дар намуди ҳиссиёти баҳогузорӣ ифода карда мешавад. талабот дар ангезаҳо, рағбат, хоҳиш ва ғайра, ки инсонро ба фаъолияте тела медиҳад ифода мегардад. Агар дар талабот фаъолият аз рӯи мазмуни мавзӯию ҷамъиятии он вобаста бошад, пас дар ангезаҳо ин вобастагӣ ҳамчун фаъолии шахсии субъект баромад мекунад. Аз ин лиҳоз, низоми ангезаҳои дар рафтори субъект ошкоргардида аз аломатҳо бой мебошанд ва аз талабот дида серҳаракаттаранд. Тарбияи талабот – яке аз вазифаҳои марказии ташаккули шахс мебошад[8]. Талаботҳо аз рӯи таъиноти худ ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобил – рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ҷудо мешавад. Дар рафти инкишофи инсон онҳо бо талаботи мавзӯъи дарккунию иҷтимоӣ пурра мегарданд.
Талаботи инсон аз вазъияти ҷамъият, гурӯҳи иҷтимоӣ, ки онҳо тааллуқ доранд муайян карда мешавад. Вобаста аз сохтори иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ низоми истеъмолнамоӣ ва қоидаҳои рафтори қабулшуда инсон талаботи гуногуни фарҳангиро ба даст меорад, тарзҳо ва усулҳои гуногуни таъмин намудани онҳоро азхуд мекунад. Аммо, махсусияти хусусияти ҳама талаботи инсонӣ ин воқеан сер нашудани онҳо мебошад. Ягон талаботро якумра таъмин намудан имконнопазир аст. Пас аз таъмин намудан талабот боз пайдо мешавад, инкишоф меёбад ва дар ин ҳол инсонро водор месозад, ки ашёҳои фарҳангии моддӣ ва рӯҳии нав ба навро ба вуҷуд орад[9].
Талаботи рӯҳӣ. Талаботи рӯҳӣ дар худ вазъи муайяни шууро ифода намуда, хоҳиши даркнамудаи инсонро ба эҷодиёти рӯҳӣ, ба бунёд ва истифодабарии арзишҳои фарҳангӣ дарбар мегирад. Ин таҷассумёбии ақл ва ҳиссиёти инсон аст[10]. А.Г. Здравомислов якчанд нуқтаи назари истилоҳи «талаботи рӯҳӣ»-ро ҷудо намудааст: 1) кӯшиш намудан ба бадастории натиҷаи истеҳсолоти рӯҳӣ иштирок намудан дар илм, санъат, фарҳанги фалсафӣ; 2) ҳамчун шакли ифодасозии талаботи тартиби моддӣ ва муносибатҳои синфию иҷтимоӣ дар ҷомеаи имрӯза; 3) инкишофи мувофиқи шахс. Талаботи рӯҳӣ ҳамчун ангезаи дохилии инсон ба эҷодиёти рӯҳӣ, бавуҷудории арзишҳои фарҳангӣ, истеъмоли онҳо ва муоширати рӯҳӣ баромад мекунад[11]. Таснифи баръакси талаботи рӯҳиро Ю.В. Шаров додаст. Дар миёни онҳо он талаботҳои зеринро ҷудо намуд: талаботи фаъолияти меҳнатӣ; талаботи муошират; талаботи ахлоқӣ; талаботи эстетикӣ; талаботи илмию тадқиқотӣ; талаботи солимгардонии саломатӣ; талаботи қарзи ҳарбӣ [12].
Талаботи зеҳнӣ. Талаботи зеҳнӣ – ин талабот дар даркнамоии навгониҳо дар ҳалли вазифаҳо, дар ошкор намудани асрор аст. Инкишофи дахлдори ин талаботҳо инсонро ба дарки падидаҳои илмӣ водор месозад, мушоҳидакориро талқин мекунад, фикррониро васеъ месозад. Маҳз инкишофи зарурӣ, барои он, ки инкишофи нодурусти талаботи зеҳӣ мумкин аст таъминотро дар зери дари ҳамсоя бо гапгӯшкунӣ пайдо созад. Талабот ба таври қатъӣ шахсияти инсонро муайян месозад[13]. Талаботи зеҳнӣ ин вазъи устувори шахс мебошад, ки дар он эҳтиёҷот ба ҳалли вазифаҳои ҳалкунанда ифода мегардад, ки инсонро ба фаъолнокӣ, равона сохтан ба ҷустуҷӯ, ба даст овардан ва истифода намудани иттилоотҳои илмӣ водор месозад. Аз рӯи субъективият ин талаботҳо дар шакли хоҳишҳои ҳиссиётии рӯйпӯш, шавқ, кӯшиш, муваффақияти инкишофи онҳо бошад, дар шакли ҳиссиёти баҳодиҳӣ арзи ҳастӣ мекунад. Худи талаботҳо дар ин маврид метавонанд, ки дарк ҳам карда нашаванд[14]. Интеллект (аз калимаи лот. intellectus – фаҳмидан) гирифта шуда маънояш– қобилияти умумии шуур ва ҳалли мушкилотҳо мебошад, ки ҳама қобилиятҳои шуурии инсонро муттаҳид мекунад: ҳискунӣ, дарккунӣ, хотира, маълумот, фикрронӣ, тасаввурот.
Талаботи ҷисмонӣ. Талаботи ҷисмонӣ – бо таъмин ва нигоҳдории ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳию ҷисмонии инсон алоқаманд мебошад.Ин талабот дар худи табиати организми инсон ва муҳити зист мавҷуд аст. Мазмуни мухтасари ин талаботҳо ба зарурати ҷудо намудани онҳо ба гурӯҳҳо бо назардошти ҷинс, синну сол, махсусияти миллӣ, макони истиқомат, алоқамандии фардӣ ва гурӯҳӣ, манфиатҳо ва дигар омилҳо ифода меёбад[15]. Вазъи ҷисмонии инсон яке аз хислатҳои саломатии он мебошад. Ба он сатҳи омодагии инсон ба иҷро намудани сарбориҳои мушакӣ ва меҳнатии гуногун дар вақти кутоҳ хос аст. Ин омодагӣ аз сатҳи ҳолати ҷисмонии он, махсусияти инкишофи ҷисмонӣ, имкониятҳои функсионалии организмҳои алоҳида, мавҷудияти беморӣ ё ҷарҳат вобаста аст. Барои шахсони солим омилҳои муайянкунандаи вазъи ҷисмонӣ ин инкишофи ҷисмонӣ, қобилияти кории ҷисмонӣ, имконияти функсионалии низоми роҳи нафас ва синну сол мебошад. Инкишофи ҷисмонии инсон ба пайвасткунии муайяни нишондиҳандаҳои антропометрӣ ва функсионалӣ хос мебошад[16].
Нигоҳдории фаъолияти ҳаётии муътадил. Фаъолияти ҳаётии инсон – ин тарзи мавҷудияти он ва фаъолияту истироҳати ҳаррӯзаи он мебошад. Фаъолияти ҳаётӣ дар муносибати доимӣ бо муҳити зист мегузарад. Ҳузуру ҳаловат чунин муҳити зистеро меноманд, ки дар он ҷо муҳайё сохтани фаъолияти ҳаётии беҳтарин имконпазир бошад. Дар ҷараёни фаъолияти худ инсон дар робита бо тамоми унсурҳои муҳити зист сарбасар мешавад, ки мумкин аст ба маишӣ ва истеҳсолӣ ҷудо кунем. Дар муҳити зисти истеҳсолӣ инсон дар ҳамкорӣ бо машинаҳо ва дигар одамон барои худ воситаи мавҷудиятро ба даст меорад. Меҳнати ҷисмонӣ аз ҳисоби фаъолияти мушакҳо ба амал бароварда мешавад. Фаъолияти мушакӣ ба инҳо ҷудо мешавад: динамикӣ – қувваи ивазшавандаи мушакӣ бо ивазшавии дарозии мушак ва ҳолати ҷисм; статикӣ – қувваи доимӣ бе тағйирёбии мушакҳо. Дар мавриди бедоршавии мушак мубаддалгардии энергияи потенсиалии воситаҳои истеъмолкунанда ва оксиген дар кор бо ҷудо намудани гармӣ, ба амал меояд[17]. Фаъолияти муътадили ҳаётӣ – фаъолияти ҳаётие, ки дар он ҷо ҳама ҷараёнҳои асосӣ дар доираи меъёрҳои қабулгардида, бе радсозиҳои муаммогӣ ё беморӣ, аммо бе хубшавии зарурӣ амал мекунад[18].
Таъмини саломатӣ.. Саломатӣ – вазъи тамоми организми зинда, кидар он ҳама органҳо пурра қобилияти ба амал баровардани функсияи худро доранд; набудани беморӣ[19]. Аз рӯи Оинномаи ВОЗ «саломати ин вазъи беҳбудии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ, на танҳо набудани беморӣ ва инчунин нуқсонҳои ҷисмонӣ мебошад»[20]. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хоҳиши худ аз хизматрасонии пулакии муассисаҳои тиббии хусусӣ ё табибони инфиродие, ки тибқи қонунгузории ҶТ ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҶТ амал мекунад, истифода мебаранд[21]. Ба омилҳои асосии саломатӣ ё аломати он инҳоро дохил намудан лозим аст: 1) Сатҳи маълумотнокӣ – тарбия, таҳсил, инкишофи инсон; 2) Сатҳи шуур – синну солӣ, гурӯҳӣ, касбӣ, миллӣ; 3) Сатҳи фарҳанг – ҳиссиёт, рафтор, фарҳанги шахсӣ, иҷтимоӣ ва санитарӣ; 4) Тарзи ҳаёт – фаъолнокии эҷодӣ ва тарзи ҳаёти боақлона (муътадил, бехатар ва солим), бо назардошти таъминкунӣ – фаъолияти самаранок, мувозинатӣ, бехатар эҷодӣ – ҷисмонӣ, ақлӣ, комплексӣ; 5)Бехатарии комплексӣ – экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳарбию сиёсӣ; 6) Одаткунии (яъне мутобиқшавии) инсон ба таъсироти иттилоотӣ, рӯҳӣ, ҷисмонӣ, кимиёвӣ ва комплексӣ. Ин имкониятҳо аз сатҳи иммунитет, зеҳни инсон, хусусиятҳои фардии таасуроти биохимикӣ ба организм, устувории генетикӣ он вобаста аст[22].
Барқарорсозии саломатӣ. Барқарорсозии саломатӣ бо ёрии табобат ба амал бароварда мешавад. Табобат – ҷараёнест, ки мақсади он сабуксозӣ, мондан ё бартараф намудан ягон беморӣ, вазъи потологӣ ё дигар бемориҳои фавъолияти ҳаётӣ, муътадилгардонии фаъолияти ҳаётии зарардида ва солимгардӣ, барқарорсозии саломатӣ мебошад. Солимгардонӣ – ин маҷмӯи чорабиниҳо барои беҳгардонии аҳволи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, ки умуман ба устуворсозии саломатӣ, устуворсозии иммунитет, баланд бардоштани қобилияти корӣ, хуб намудани сифат ва баланд бардоштани давомияти умри инсон равона шудааст. Солимгардониро бо табобат аз беморӣ ҷудо намудан лозим нест[23].
Инкишофи ҷисмонии инсон. Инкишофи ҷисмонӣ – ҷараёни динамикии қад (зиёдшавии дарозӣ ва вазни ҷисм, инкишофи органҳо ва низоми организм ва ғайра) ва ба балоғатрасии биологии кӯдак дар давраи муайяни кӯдакӣ мебошад. Ҷараёни инкишофи маҷмӯи хусусиятҳои морфологӣ ва функсионалии организм (суръати афзоиш, зиёдшави вазни ҷисм, инчунин ба балоғат расидани органҳои гуногун дар давраи муайяни инкишоф) асосан бо механизми меросӣ ба роҳ монда шудааст ва ва аз рӯи нақшаи муайян дар шароити мувофиқи фаъолияти ҳаётӣ амалӣ карда мешавад[24]. барои баҳогузории объективии инкишофи ҷисмонӣ бузургиҳои морфологиро дар якҷоягӣ бо нишондодҳои вазъи функсионалӣ баҳо додан лозим аст: тобоварии аэробӣ; тобоварии суръатнокӣ; тобоварии қуввагӣ; тобоварии суръатию қуввагӣ; чобукӣ; чолокӣ; қувваи динамики мушак; маҳорат; таркиби ҷисм; хусусияти вазнию қаддии ҷисм ва таносуби он; андом[25].
Баланд бардоштани маҳорати касбӣ. Маҳорат – қоибилияти бо сифат иҷро намудани ин ё он кор ё хизматрасонӣ тавонистан ва доштани маҳорат дар ин ё он соҳа санъати баланди баамал баровардани ягон кор аст[26]. Маҳорати касбӣ – сатҳи доштани намуди махсуси фаъолияти меҳнатӣ дар тамоми соҳа мебошад. Ба хусусияти асосии тамоми фаъолияти касбии ба худмуайянкунии касбӣ таъсиркунанда инҳо дохил мешаванд: мазмуни фаъолияти касбӣ ва вобаста ба он имконияти худамалисозии шахсият (мувофиқати манфиат ва қобилият, имконияти худмукаммалгардонӣ, эҷодиёт); аҳамияти ҷамъиятӣ доштани меҳнат, ки бо натиҷа ва оқибаташ муайян карда мешавад (фоидаовар ба одамон ва ҷамъият); баҳогузории ҷамъиятии фаъолияти касбии инсон, вазъи иҷтимоии мутахассис дар соҳаи мазкури меҳнат[27]. Яке аз механизмҳои амалкунандаи баланд бардоштани маҳорати касбӣ низоми таҳсилоти иловагӣ, такмили ихтисос ва азнав омодакунии кадрҳо мебошад. Ба онҳо дохил мегарданд: мукаммалгардонии маҳорати касбии кадрҳое, ки омодагии касбӣ доранд, тағйири тамоил ва омӯзонидани маҳорати касбии кадрҳое, ки омодагии касбӣ надоранд ё таҷрибаи корӣ дар дигар соҳаҳои хоҷагии деҳот надоранд; азхудкунии малакаи касбӣ ва ҷорӣ намудан ба касб барои қисми кадрҳое, ки омодагии касбӣ надоранд. Таҳсилоти иловагӣ – низоми омӯзиш ва тарбия мебошад, ки дар асоси барномаи таҳсилоти иловагӣ ба амал бароварда шуда, ба омӯзонидани илми замонавӣ, техника ва технология, эҷодиёт, гирифтани касби нав, азнавомодасозӣ, мукаммалгардонии ихтисос равона аст, ки шахс метавонад дар вақти таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва пас аз гирифтани диплом дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё касбӣ берун аз барномаи таҳсилоти умумӣ ё дар муассисаҳои таҳсилотии маълумоти иловагӣ бе маҳдудият дар асосӣ пулакӣ ё ройгон ба даст орад[28].
Ҳамин тавр, қайд намудан мумкин аст, ки ташаккули шахсият бо ҳаҷми истеъмоли хизматрасониҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ муайян карда мешавад. Яъне бо оне, ки аз ҷониби истеъмолкунанда хизматрасонӣ чигуна ба амал бароварда шудааст ва чи тавр аз ҷониби шахс истифода гардидааст. Ташаккули шахсият бе механизми ба таври зарурӣ ва самаранок баамал баровардани хизматрасонии иҷтимоӣ- фарҳангӣ имконнопазир аст. Зеро хизматрасониҳои иҷтимоӣ- фарҳангӣ воситаи ташаккули шахс буда, ба шахс барои дарки фарҳанг, ҳаёти ҳуқуқӣ, қабули арзишҳои умумиинсонӣ таъсир мерасонад, шароит, тарз ва сифати ҳаётро ба вуҷуд оварда, ташаккул медиҳад.
[1]Ниг.: Асанова Э.С., Крынина О.Ю. Социально-культурный сервис современной России: генезис и тенденции развития. Вестник Адыгейского государственного университета. Серия 1: Регионоведение: философия, история, социология, юриспруденция, политология, культурология. Выпуск №3. 2010// Манбаи электронӣ: https://cyberleninka.ru/article/n/sotsialno-kulturnyy-servis-sovremennoy-rossii-genezis-i-tendentsii-razvitiya.( санаи муроҷиат:29.01.2014г.).
[2] Ниг.: Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012, №901// манбаи электронӣ: https://andoz.tj/index.php/ru/zakonodatelstvo/nalogovyj-kodeks-rt. (санаи муроҷиат: 06.02.2014с.).
[3] Ниг.: Сангинов Д.Ш. Предпринимательское право Республики Таджикистан. Учебное пособие. Второе издание с изменениями и дополнениями. Душанбе: «ЭР-граф», 2013. С. 83.
[4] Ниг.: қ. 1 м. 48 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми якум) 30 июни соли 1999., № 802// Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1999. № 6. м. 153; 2001. № 7. м. 508; 2002. № 4. қ. 1. м. 170; 2005. № 3. м. 125; 2006. № 4. м. 193; 2007. № 5. м. 356; 2010. № 3. м. 156; 2010. № 12. м.802; 03.07.2012 с., № 850; 28.12.2012 с., № 928; 22.07.2013 с., № 976.
[5] Ниг.: б. 1 м. 1 Закона Республики Таджикистан от 9 декабря 2004 года, №72 «О защите прав потребителей»// Ахбори Мадҷиси Олии ҶТ. 2004. № 12. қ.1. м. 699; 2008. № 10. м. 805.
[6] Ниг.: Беляев И.А. Ограничение и компенсация способностей и потребностей целостного человеческого существа // Вестник Оренбургского государственного университета. 2009. № 2 (96), февраль. С. 24-30. Манбаи электронӣ: https://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=273152. (санаи муроҷиат: 06.02.2014г.).
[7] Ниг.: Потребность. Материал из Википедии – свободной энциклопедии.// Манбаи электронӣ: https://ru.wikipedia.org/wiki/Потребность#. ( санаи муроҷиат: 06.02.2014г.).
[8] Ниг.: Человек и его потребности. Курс лекций для специальности 100103 Социально-культурный сервис и туризм. Воронеж 2009. С.4-5.
[9] Ниг.: Егорова А. М. Духовные потребности человека // Молодой ученый. М., 2012. №2. С. 224.
[10] Ниг.: Здравомыслов А.Г. Потребности. Интересы. Ценности. М.: Политиздат, 1986. С. 23.
[11] Ниг.: Шаров Ю.В. Вопросы психологии духовных потребностей //Проблемы формирования духовных потребностей личности: науч. тр. ПГПИ. Вып. 47. – Новосибирск, 1970. С. 176-177.
[12] Ниг.: Тылевич И.М. Интеллектуальные потребности. манбаи электронӣ: https://www.med312.ru/rukovodstvo_po_medicinskoy_psihologii/lichnost/871.html. (санаи муроҷиат: 06.02.2014г.).
[13] Ниг.: Ноздрина Н.А. Определение интеллектуальных потребностей. манбаи электронӣ: https://www.superinf.ru/view_helpstud.php?id=3367 (санаи муроҷиат: 06.02.2014г.).
[14] Ниг.: Физическая потребность. Большая Энциклопедия Нефти Газа. манбаи электронӣ: https://www.ngpedia.ru/id299983p1.html (санаи муроҷиат: 06.02.2014г.).
[15] Ниг.: Зайнутдинова Э. М. Основы физиологии человека: Учебное пособие. Уфа. УГНТУ. 2006. С.97.
[16] Ниг.: Жизнедеятельность. Материал из Википедии – свободной энциклопедии. Электронный ресурс: https://ru.wikipedia.org/wiki/Жизнедеятельность. (дата обращения: 06.02.2014г.).
[17] Ниг.: Нормальная жизнедеятельность. Электронный ресурс: https://www.psychologos.ru/articles/view/normalnaya_zhiznedeyatelnost. (дата обращения: 06.02.2014г.).
[18] Ниг.: Психология здоровья: новое научное направление // Психология здоровья / под редакцией Г.С. Никифорова. СПб.: Питер, 2003.С. 28-30.
[19] Ниг.: Устав (Конституции) Всемирной организации здравоохранения аз 22 июли соли 1946. манбаи электронӣ: https://base.garant.ru/2540328/. (санаи муроҷиат: 06.02.2014г.).
[20] Ниг.: қ.5 м.22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997, № 420 «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»// Ахбори Мадҷиси Олии ҶТ 1997. № 9. м. 115; 2003. № 4. м. 149; 2004. № 2. м. 45; 2005. № 12. м. 651; 2009. № 5. м. 339; ҚЧТ аз 22.07.2013с. № 1009; ҚҶТ аз 28.12.2013с. № 1057.
[21] Ниг.: Мягченко О.П. Безопасность жизнедеятельности человека и общества. манбаи электронӣ: https://uchebnikionline.ru/bgd/bezpeka_zhittyediyalnosti_lyudini_ta_suspilstva_-_myagchenko_op/ponyattya _pro_zdorovya_lyudini.htm. (санаи муроҷиат: 06.02.2014г.).
[22] Ниг.: Оздоровление. манбаи электронӣ: https://naturalworld.ru/key_ozdorovlenie.htm. (санаи муроҷиат: 06.02.2014с.).
[23] Ниг.: Мазурин А. В., Воронцов И. М. Пропедевтика детских болезней. 1-е изд. М.: Медицина, 1986. С. 29-30.
[24] Ниг.: Спортивна медицина: учеб. для ин-тов физ. культ./Под ред. В. Л. Карпмана. М.: Физкультура и спорт, 1987. С.34.
[25] Ниг.: Мастерство. Викисловарь. манбаи электронӣ: https://ru.wiktionary.org/wiki/мастерство. (санаи муроҷиат: 06.02.2014с.).
[26] Ниг.: Методические рекомендации по реализации направления «Государственная поддержка талантливой молодежи приоритетного национального проекта образование». манбаи электронӣ:https://rudocs.exdat.com/docs/index-157169.html?page=9. (санаи муроҷиат: 06.02.2014с.).
[27] Ниг.: қ.1 м.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 1004 “Дар бораи маориф”//манбаи электронӣ: https://mmk.tj/ru/legislation/legislation-base/250/08.01.2014с.
[28] Закон Республики “О рекламе” от 1 август 2003.г.