[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Созмони ҷавонон”]Созмони ҷавонони факултети ҳуқуқшиносӣ яке аз воҳидҳои таркибии сохтори факултет маҳсуб ёфта, бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок дар самти татбиқи сиёсати ягонаи давлатии ҷавонон дар миёни донишҷӯён ва инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо равона гардидааст. Он фаъолияти худро тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии ҷавонон, Барномаи миллии ҷавонон ва фармону супоришҳои садорати факултет ба роҳ монда, баҳри риоя ва дар амал татбиқ намудани он тамоми чораҳои заруриро меандашад. Созмони ҷавонон солҳост баҳри тарғибу ташвиқ намудани масъалаҳои муҳимми роҷеъ ба донишомӯзиву иштирок дар ҳаёти сиёсии факултет миёни донишҷӯён чорандешӣ менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти Созмони ҷавонони факултет аз инҳо иборат мебошанд:
-татбиқи Сиёсати давлатии ҷавонон, Консепсияи миллии ҷавонон, Барномаи миллии ҷавонон;
-иҷрои саривақтии фармоишу супоришҳои садорати факултет ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ ва декани факултет);
-ҳамкорӣ ва мусоидат дар чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ, ки бевосита ба ҳаёти ҷавонон алоқамандӣ дорад;
-тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштани онҳо ба арзишҳои миллӣ;
-ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон;
-баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ, олимону нависандагон, шоирону нависандагон;
-ҷалби донишҷӯён ба муассисаҳои фарҳангию маданӣ (театр, музей ва мавзеҳои таърихӣ);
-ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва сиёсӣ;
-ташвиқу тарғиби дастовардҳои донишҷӯёни фаъол дар байни ҷавонон;
-ташкили шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ бо донишҷӯён;
-ташкили сӯҳбату вохӯриҳо ва доир намудани маҳфилҳои илмӣ дар хобгоҳҳо;
-ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шӯрои кураторон”]
Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолияти худро дар «Низомномаи Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ», ки аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ гардидааст ба роҳ мемонад. Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон созмони ҷамъиятӣ буда,бо фармони ректори Донишгоҳ дар назди Раёсати илми-тахқиқотӣ ташкил карда мешавад. Шӯро дар хайати олимони ҷавони то сини 35-сола ташкил карда мешавад, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни илми ба омузиш ва таҳқиқот машғул мебошанд. Шӯрои олимони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ дар асоси Нақшаи корӣ, ки аз тарафи декани факултет тасдиқ мегардад, фаъолияти худро ба роҳ мемонад. Ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавон моҳе як маротиба бо иштироки декани факултет ва аъозоёни Шӯро баргузор мегардад. Сохтори Шӯрои олимони ҷавон аз Раис ва аъзоёни он иборат буда, Раиси он дар ду сол як маротиба бо пешниҳоди декани факултет аз тарафи Ректори донишгох таъин мегардад.
Шӯро дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- муттаҳид намудани қувваи эҷодии олимони ҷавон ва муҳақкиқон баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими илмӣ;
- беҳтар намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон бо воситаи мизи мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо ва нашри натичаи корҳои илмии онҳо;
- мукаммалгардонии иштироки олимони ҷавон дар лоиҳаҳои татқиқотӣ, грантҳо, озмунҳо ва тачрибаомузиҳо;
- ҳамкори бо Шӯрои олимони ҷавони дигар факултетҳо;
- коркард ва амали намудани чорабиниҳои илмӣ баҳри беҳтар намудани фаъолияти илмии олимони ҷавон ва монанди инҳо.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шӯрои олимони ҷавон”]

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Кумитаи иттифоқи касаба”]
Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун ҷузъи Кумитаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси шартномаи коллективӣ байни раёсат ва кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони ДМТ барои солҳои 2012-2014-ум амал мекунад.
Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон дар шахси раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони факултет, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоққҳои касаба» (аз 2 августи соли 2011, №757), Оинномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои кормандони Донишгоҳро ҳимоя менамояд. Кумита ҳангоми таҳия ва бастани Шартномаи коллективӣ, инчунин ворид намудани илова ва тағйиротҳо ба он, ҳамчун намояндаи ҷамъиятии коллективи меҳнатӣ амал менамояд.
Доираи фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи факултет дар асоси шартномаи коллективии байни раёсати донишгоҳ ва кумитаи иттифоқҳои касабаи ДМТ сурат мегирад.
Кумитаи иттифоқи касабаи факултет ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касабаро намояндагӣ ва ҳимоя мекунад, масъалаҳои шахсии ба муносибатҳои меҳнатӣ дар соҳаи ҳуқуқи дастҷамъона алоқамандбуда ва манфиатҳои устодону кормандонро, новобаста аз узви иттифоқи касаба будан ё набуданашон ҳифз ва пуштибонӣ менамояд.
Кумитаи иттифоқи касабаи факултет инчунин дар якҷоягӣ бо садорати факултет дар таъмин намудани раванди таълим назорат ва таъмини интизоми меҳнат бехатарии меҳнат риояи тартиботи дохилии аз тарафи раёсати Донишгоҳ ва садорати факултет мукарар шударо назорат барад.
Ҳайати Иттифоқҳои касабаи факултети ҳуқуқшиносӣ аз шахсони зерин иборат мебошад:
Ҳайати Иттифоқҳои касабаи факултети ҳуқуқшиносӣ аз шахсони зерин иборат мебошад:
Мавлоназаров О.А. – раис
Ҳабибова Н. – котиба
Саидов Ҳ. – аъзо
Фозилов Н. – аъзо
Соҳибов З. – аъзо
Амренова Ш. – аъзо
Куканов А. – аъзо
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шӯрои занон”]
Шурои занони факултети ҳуқуқшиносӣ аз соли 1950 инҷониб кор ва фаъолият мекунад. Дар Шурои занони факултет, дар таҳсилоти нимсолаи дуюми 2012 зиёда аз 400 нафарро донишҷудухтарон ва 38 нафари дигарро коргарон ташкил медиҳанд, ки аз он 8 нафарашон номзадхои илми ҳуқуқ ва педагогӣ ба шумор мераванд. Шурои занон дар асоси Низомномаи бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз 06.02.2009 амал мекунад. Шурои занони факултети ҳуқуқшиносӣ дар тамоми ташкилию чорабиниҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ба нақша гирифта мешавад фаъолона иштирок мекунад. Ҳатто чорабиниҳое, ки дар саҳти ҷумҳуриявӣ аз қабили пешвозгирии Ҷаноби Олӣ ва дигар намояндагони давлатӣ рух медиҳанд, духтарони факултет сарбаландона иҷро мекунанд. Шурои занон ҳар сол нақшаи корӣ тартиб медиҳад ва аз рӯи он нақша кор мебарад. Мувофиқи нақшаи корӣ ҳар як чорабинӣ моҳе як маротиба ё ду маротиба гузаронида мешавад. Чорабиниҳо дар дохили шаҳр, донишгоҳ ва факултет пешбинию гузаронида мешаванд.
Вазифаи Шурои занон аз инҳо иборат аст:
- назорати қатъӣ бурдан аз руи одоби хамидаи духтарон дар факултет;
- назорат аз руи сессияи санҷишию имтиҳонии духтарони факултет;
- ба ҳисоб гирифтани духтарони тибқи квотаи президентӣ ва назорат бурдан аз рӯи одоб ва таҳсилоти онҳо;
- назорати иҷро кардани қарори мушовараи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истифода набурдани телефонҳои мобилӣ, мошинҳои тамғаҳои гуногун, маъводҳои дарсӣ аз ҷумла ҷуъздон, дафтар, ручка ва ғ. сару либоси тозаи беурёни донишҷӯӣ, тамоку накашидан ва ғ.
- назорат аз рӯи хобгоҳҳои тибқи квотаи президентӣ, ятимон ва дигар хобгоҳҳое, ки духтарони факултет дар онҳо ҷойгиранд;
- ҳангоми дохилшавӣ ва баъд аз дохилшавӣ ҷо кардани духтарон бо хобгоҳҳо ва фаҳмонидани тартиботи дохилии факултет ва хобгоҳ;
- ташкил кардани вохуриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони чангу меҳнат ва шахсиятзанҳои ҷумҳурӣ;
- пешниҳод оиди ҳавасмандгардонии духтарони факултет нисбати кору хониши фаъолонаи духтарон.
Дар ободонии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва факултети ҳуқуқшиносӣ саҳми духтарони ҳуқуқшинос хеле назаррас аст.
Раиси Шӯрои занон Бобоева Н.И.
[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_column][/vc_row]