Бо ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳар охири моҳ семенари илмии олимони ҷавони факултет баргузор мегардад. Ин иқдоми пешакардаи садорати факултети ҳуқуқшиносӣ судманд буда, барои инкишофи малакаю дониши устодони ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Дар ин замина санаи 31-уми марти соли ҷорӣ семенари илмии омӯзгорони ҷавони кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ дар дар мавзӯи «Мураттабсозии қонунгузории нақлиётӣ: мушкилот ва дурнамо» бо иштироки доираи васеи омӯзгорони ҷавони факултет, мудирони кафедраҳо ва аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Донишгоҳи ҳуқуқии шаҳри Саратови Федератсияи Россия Гордеев Н.С. баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории семинарии илмии олимони ҷавон гузориш доданд. Вобаста ба мавзӯи баррасишаванда қайд намуданд, ки соҳаи нақлиёт соҳаи муҳими хоҷагии халқ буда, рушди он яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошад. Моҳиятан барои инкишофи соҳаи нақлиёт мавқеи ҳуқуқи нақлиёт дар низоми ҳуқуқ ҳамчун соҳаи комплексӣ нақши ҳалкунанда пайдо кард, зеро ин соҳаи ҳуқуқ якбора бо якчанд соҳаҳои ҳуқуқ алоқамандӣ дорад ва муҳим он аст, ки мазмуни танзими ҳуқуқӣ ба моҳияти аслии соҳа мувофиқ мебошад ва барои амалигардонии функсияҳои он мусоидат менамояд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа ба ташкил намудани сектори нақлиёти рақобаткунанда дода шудааст. Барои ба ин мақсад расидан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши пурраи сохтори ҳуқуқӣ ва танзимро мегузаронад ва ба қонунҳо тағйироти заруриро дохил менамояд. Имрӯз вобаста ба либерализатсиякунонии иқтисодиёт ва тағйиротҳои сохтории маҷмааи нақлиётӣ ба рушди бозори озоди хизматрасонии нақлиётӣ ва ҳамгироии онҳо ба иқтисодиёти тараққиёбандаи Тоҷикистон оварда расондааст. Гузаронидани ислоҳот дар соҳа идома дода шуда, фароҳамсозии арсаи меъёрию ҳуқуқии мувофиқ ба рақобати озоди бозори хизматрасонӣ ногузир таҳким меёбад.
Сипас, аз рӯйи барномаи семинар маърӯзаҳои устодони ҷавони кафедраи зикргардида ассистентон Қудбуддинов Ф.Ш., Қурбонализода Фурқат, Муминзода О.С., Амренова Шогуна ва аспиранти шӯъбаи рӯзона Саидмуродова Т.А. шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар саволу ҷавоб ва музокира профессор Диноршоҳ А.М., дотсентон Маҳмудов И.Т., Сангинов Д.Ш., Мирзоев П.З., Раҷабов М.Н., Қурбонов Қ.Б., Қодирқулов Х.Р., асситентони ҷавон Соҳибов М., Хоҷамуродов Д., Мирзоев А., Мавлоназаров О., Ѓаниев Ҷ. Шарифзода С. ширкат варзида, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни семенари илмӣ андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Аз ҷумла, аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Донишгоҳи ҳуқуқии шаҳри Саратови Федератсияи Россия Гордеев Н.С. дар баромадаш қайд намуд:
«Семенари илмии олимони ҷавон, ки ба назарам бисёр аҷиб менамояд дар сатҳи дахлдор гузаронида шуд. Мушоҳида намудам, ки дар факултети Шумо низоми роҳнамоӣ ва додани машварат аз ҷониби профессорону дотсентон ба омӯзгорони ҷавон бисёр хуб ба роҳ монда шудааст. Ман ин таҷрибаро баъд аз баргаштан аз сафари худ ба иттилои роҳбарияти донишгоҳамон хоҳам расонид. Чунин таҷриба дар мо кам ба назар мерасад».
Мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонов Қ.Б. баромад намуда, изҳори сипоси худро ба ҳамаи иштирокчиён барои ширкат дар кори семенари илмӣ баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки тадқиқотҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки проблемаҳои мавҷудбудаи ин соҳа чунин аст:
– имрӯз бинобар ҷой доштани мушкилот зарурати кодификатсия пеш омадааст. Ин заруратро танзими парешон ва мухолифатҳо дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такон медиҳанд. Гузашта аз он, вобаста ба намудҳои нақлиёт санадҳои гуногунсатҳ қабул шудаанд. Дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан оинномаҳо, дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ – Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Дар танзими муносибатҳо вобаста ба ҳамлу нақл Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст. Онҳо дар замонҳои гуногун қабул шудаанд. Тамоми санадҳо вобаста ба соҳаҳои алоҳидаи нақлиёт дорои хусусияти махсус дошта, ҳамкорӣ ва таъсири мутақобиларо бо дигар намудҳои нақлиёт пешбинӣ намекунанд. Ҳатто мафҳумҳо дар санадҳои мазкур ба таври гуногун шарҳу эзоҳ ёфтаанд, ки ин масъала дар оянда ҳали худро интизор аст.
– дар таркиби қонунгузории нақлиёт санади асосии ягонаи ҳуқуқие, ки тавонад марказ ва сутуни ин соҳа бошад, мавҷуд нест. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» қисман ин вазифаро иҷро мекунад, вале онро ба сифати заминаи қонунэҷодкунӣ дар ин соҳа ба инобат гирифтан номумкин аст, ин санад низоми қонунгузории ин соҳаро муайян карда наметавонад. Санади ягонаи пешоҳанг бояд масъалаҳои гуногунеро, ки дар соҳаҳои алоҳидаи нақлиёт мавҷуданд, ҳамоҳанг созад. Танҳо дар ин ҳолат низоми нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шабакаи ягонаи нақлиётии давлат, ки дар соҳаҳои ҳуқуқи нақлиёт яке аз принсипҳои муҳим ба ҳисоб меравад, таъмин карда мешавад.
– бинобар табиати гуногун доштани муносибатҳо вобаста ба амалишавии функсияҳои нақлиёт, васеъ будани шараёни нақлиёт ва мураккабии идоракунии он, зарурат ба тамоюли тавозун ва ҳамоҳангӣ дар миёни манфиатҳои давлат ва ҷамъият дар бобати фаъолияти соҳибкорӣ дар ин соҳа ба вуҷуд меояд. Аз ин ҷост, ки қонунгузории соҳаи нақлиёт хислати комплексӣ дорад. Танзими пурраи он дар доираи санадҳои пешбари ҳуқуқи гражданӣ, масалан, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконнопазир аст.
– имрӯз қонунгузории соҳаи нақлиёт ҳаҷман хеле калон шуда, масъалаи татбиқи он мубрам шудааст. Бо назардошти зиёд будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба самтҳои гуногун инкишоф ёфтани қонунгузории соҳаҳои алоҳидаи нақлиёт, риоя нашудани принсипи қонунэҷодкунӣ аз лиҳози ягонагии низоми нақлиёти Тоҷикистон мухолифат ва норасоиҳо дар қонунгузории нақлиёт зиёд шуда истодаанд. Сарфи назар аз ташаккули зуҳуроти калони ҳуқуқӣ ва корҳои зиёди анҷомёфта раванди ташаккули қонунгузории нақлиёт то ҳол анҷом наёфта, такмили хоссаро талаб мекунад.
Дар умум вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди қонунгузории нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, роҳҳои ҳаллӣ ин проблемаҳо пешниҳод шуд. Аз ин нигоҳ бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад дониста шуд:
– қабули Кодекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти нақлиётӣ;
– муқаррар ва таъмин намудани риояи меъёрҳою талаботҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунанда, муҳити зист ва захираҳои табиӣ мутобиқи стандартҳои усулҳои пешқадами идора;
– зарурат ба тамоюли тавозун ва ҳамоҳангӣ дар миёни манфиатҳои давлат ва ҷамъият дар бобати фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти нақлиётӣ;
– таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи нақлиёт баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар ва мустаҳкамгардии сиёсати давлат дар ин соҳа;
– ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ аз лиҳози принсипи ягонагии низоми нақлиёти Тоҷикистон;
– ташаккули муносибатҳои шартномавӣ ба ҷои муносибатҳои маъмурию ба нақшагирӣ;
– қабули сандадҳои нави зериқонунӣ дар соҳаи фаъолияти нақлиётӣ;
– таъмини назорати иҷро намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои нақлиёту хоҷагии роҳҳо ва талаботи бехатарию экологӣ ҳангоми истифодабарии воситаҳои нақлиёт дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон;
– мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва рақобатпазирии ташкилотҳои соҳаи нақлиёт дар бозори байналмилалию дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ ва ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ;
Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори семенари илмӣ барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд. Пас аз анҷоми кори семенари илмӣ қарор карда шуд, ки таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асосноку судманд ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба сохторҳои дахлдор ирсол карда шавад.