Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳар ду ҳафта як маротиба маҳфили илмӣ бо иштироки донишҷӯёни гуруҳҳои умумӣ ва ихтисос баргузор мегардад.
Санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ маҳфили илмии «Ҳуқуқи маданӣ»-и назди кафедраи ҳуқуқи гражданӣбо иштироки доираи васеи омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, намояндагони Садорати факултет ва донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 4-ум баргузор гардид.
Маҳфилро мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, профессор Ѓаюров Ш.К. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба иштироки фаъол дар муҳокимаи мавзӯъҳо даъват намуданд.
Сипас, тибки барномаи маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯён Шарипов Шерзод дар мавзӯи «Суғуртаи ҷамъшаванда» ва Сайдалиев Орзу дар мавзӯи «Институти бедарак ғоиб ва фавтида эълон намудани шаҳрванд» шунида шуд.
Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар саволу ҷавоб ва музокира профессор Ѓаюров Ш.К., ассистентон Саидов Ҳ.М. ва Соҳибов М.М., донишҷӯён Усмонов Р., Орзуев Ф., Фирдавсизода К. ширкат варзида, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Оид ба мавзӯъҳои баррасишуда профессор Ѓаюров Ш.К. баромад намуда, иброз доштанд, ки дар шароити ҳозира масъалаи суғурта аҳамияти хос касб карда истодааст. Устод Ѓаюров Ш.К. зикр намуданд, ки имрӯз дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон баъди фурӯши яроқ фаъолияти суғуртавӣ ҷойи дуюмро аз ҷиҳати даромаднокӣ ишғол мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ба низоми суғуртавӣ дигаргуниҳо ворид шуда истодааст. Чигунае, ки мо иттило дорем аз 1-уми январи соли ҷорӣ функсияи назоратии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши фаъолияти суғуртавӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Албатта ин тағйирот дуруст ва саривақтӣ мебошад, зеро барои иҷрои саривақтии баргардонидани маблағ ба суғурташуда мураккабиро ба бор намеорад. Профессор Ѓаюров Ш.К. оид ба мавзӯи институти бедарак ғоиб ва фавтида эълон намудани шаҳрванд зикр намуданд, ки воқеан ин масъала яке аз масъалаҳои ниҳоят мубрам мебошад. Чунки дар баъзе мавридҳо бе андешидани чораҳои муассир, ҳаматарафа ва объективона шахсро суд фавтида эълон менамояд, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст. Чунин амалҳои суд дар воқеъ ба ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонанд. Суд пеш аз эътирофи ин ё он омили ҳаётан муҳим дар мурофиа бо пурсиши намояндагони марбута андешидани тамоми чораҳои самарабахши муайян намудани ҷойи буду боши инсон, баъд қарори дахлдор барорад. Соли гузашта оид ба ин масъала маводи таҳлилие интишор гардид, ки аз ҳолати мазкур маълум мегардид, ки тамоми чораҳои муассир оид ба дарёфти шахси ғоиб андешида нашудааст. Аз сухангуй хоҳиш намуданд, ки онро барои минбаъд такмил додани мавзуъ мавриди омӯзиш қарор диҳад. Дароз кардани муҳлатҳо роҳи ҳалли масъала нест. Муҳим он аст, ки мақомоти корҳои дохила чи дар дохил ва берун аз кишвар чораҳои мушаххас андешанд.
Дар фарҷом мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, профессор Ѓаюров Ш.К. ба ҳамаи иштироккунандагон изҳори минатдорӣ карданд. Баргузории чунин маҳфилҳо барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷӯён ва бедор кардани мафкураи зеҳнии онҳо кӯмак хоҳад расонид – иброз доштанд профессор Ѓаюров Ш.К.