Мавлоназаров Одилбек Абдулназарович – номзади имлми ҳуқуқшиносӣ
Мавлоназаров Одилбек Абдулназарович 5-уми феврали соли 1987 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 2006 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2011-ум онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2011-2017 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2013-2014 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, аз соли 2013 то кунун раиси бюрои иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ, аз соли 2014 то ҳоло муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи ғоибонаи маълумоти якум шуда фаъолият кардааст. Аз соли 2018 то кунун дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат буда, соҳиби унвони илмии дотсент аст.
Масъалаҳои вобаста ба проблемаҳои бахши фаъолияти соҳибкорӣ оид ба иҷрои қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба рекламаи муносиб, иштироки субъектони реклама дар бозори мол ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо, проблемаҳои мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз мавзӯъҳои таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Соли 2017 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-002-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба рекламаи муносиб ва ҳимояи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи молия ва курсҳои махсуси «Асосҳои ҳуқуқии андозбандии соҳибкорони хурду миёна» ва «Ҳуқуқи рақобат» ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 30 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Мавлоназаров Одилбек Абдулназарович беш аз 8 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст