ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Яке аз бахшҳои муҳимми қисми илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро Ҷамъияти илмии донишҷӯён ташкил медиҳад, ки бо мақсади баланд бардоштани корҳои илмии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони баландихтиссоси гуногуни соҳавӣ поягузорӣ шудааст.

         Дар ин замина дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ низ ҷамъияти илмии донишҷӯён дар назди кафедраҳо фаъолият менамоянд, ки онҳо барои баланд бардоштани дониши илмию назариявӣ ва амалии донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кордон мусоидат мекунад.    

        Дар ҷамъияти мазкур донишҷӯён дар баробари ошноӣ ёфтан ба роҳҳои таҳқиқу баррасии масоили илмӣ боз дар пажӯҳиши масоили илмӣ бевосита иштирок менамоянд ва тавассути навиштани мақолаву гузоришҳои илмӣ дониши худро сайқал медиҳанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани конфронсу озмунҳои корҳои илмӣ ва олимпиадаи байни донишҷӯён зери унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» ҳанӯз аз аввали таъсиси Донишгоҳ оғоз гардида буд, ки минбаъд барои ҷалби пайвастаи донишҷӯён ба корҳои илмӣ мусоидат намуд ва дар муддати начандон тӯлоние барои ба майдон омадани донишмандони машҳур ва асару монографияҳои илмӣ заминаи хубе гузошт.

        Боиси хурсандист, ки сол то сол доираи фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ васеъ гардида, шумораи донишҷӯёни дар маҳфилҳои илмӣ фаъолияткунанда афзуда истодааст.       

        Яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии донишҷӯёни фаъоли Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет ширкат варзидан дар олимпиадаҳои байни донишгоҳию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол чун анъана олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дастаҳои олимпии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ байни донишҷӯёни тамоми мактабҳои олии кишвар дар сафи пеш қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар назди  ҳамаи кафедраҳои  факултети ҳуқуқшиносӣ Ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият менамояд ва тамоми донишҷӯёни фаъоли факултетро муттаҳид менамоянд. Маҳфили Ҷамъияти илмии донишҷӯён ҳар моҳ дар кафедраҳо баргузор шуда, дасти кам се гузоришу мақолаи илмӣ дар он шунида мешавад.

        Шомилшавӣ ба Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факулиет озод буда, ҳар донишҷӯи факултет метавонад барои сайқал додани донишу огоҳии илмии худ ба он шомил шавад.